Пайвандҳои дастрасӣ

Боздошти боз як гумонбар дар ҳамлаҳои Порис


Дар чаҳорчӯби тафтиши ҳамлаҳои террористии рӯзи 13 ноябр дар шаҳри Порис боз як гумонбар боздошт шуд. Расонаҳои маҳаллӣ рӯзи 15 декабр хабар доданд, ки боздоштшуда 29-сол аст ва аммо мақомоти тафтишотӣ ному насабашро алҳол ошкор накардаанд.

Ба навиштаи хабаргузории Франс-пресс, баъд аз ҳамлаҳо ба пойтахти Фаронса кормандони полис 2700 рейд доир карда, 360 нафарро таҳти ҳабси хонагӣ қарор доданд.

Ҳамчунин ахиран дар шимоли Фаронса ду нафар бо гумони тиҷорати силоҳ боздошт шуда, алҳол мавриди бозҷӯӣ қарор гирифтанд.

Бар асари ҳамлаҳо ба Порис, ки шоми ҷумъа, 13 ноябр аз сӯи ҷонибдорони гурӯҳи “Давлати исломӣ” сурат гирифтанд, 130 нафар кушта ва беш аз 350 кас маҷрӯҳ шуданд.

XS
SM
MD
LG