Пайвандҳои дастрасӣ

Соломон Течи, легионери африқоии футболи тоҷик, минбаъд дар ҳайати бошгоҳи «Духок»-и Ироқ бозӣ хоҳад кард.

Легионери африқоии Лигаи миллии футболи Тоҷикистон Соломон Течи аз Гана, минбаъд дар ҳайати бошгоҳи «Духок» дар мусобиқаи қаҳрамонии Ироқ бозӣ хоҳад кард. Дар ин бора ба Радиои Озодӣ аз 15 декабр аз Федератсияи футболи Тоҷикистон хабар доданд.

Ба иттилои ин манбаъ ҳамлагари 23-солаи африқоӣ аз соли 2012дар мусобиқаи қаҳрамонии Тоҷикистон иштирок дошт. Ӯ ду бор - солҳои 2012 ва 2013 - дар ҳайати дастаи «Равшан»-и Кӯлоб ба унвони қаҳрамони Тоҷикистон мушарраф шудааст.

Инчунин Соломон Течи соли 2014 дар ҳайати дастаи «Далерон-Ӯротеппа»-и Истаравшан бо медали биринҷӣ мукофотонида шуда, ҳамон сол беҳтарин легионери мусобиқаи қаҳрамонии Тоҷикистон эътироф гаштааст.

Соломон Течи, ки соли равон дар ҳайати «Далерон-Ӯротеппа» се гол зада буд, аз давраи дувуми мусобиқа дар дастаи «Барқи тоҷик»-и Душанбе бозӣ мекард.

Ин легионери африқоӣ дар муддати се соли ширкати худ дар мусобиқоти қаҳрамонии футболи Тоҷикистон, инчунин забони тоҷикиро то як андоза аз худ кардааст.

Суҳбати хабарнигори Радиои Озодиро бо Соломон Течи аз бойгонӣ дар ин ҷо бишнавед:

Озодӣ дар Ютуб

Агар сухане, назаре ё хабаре доред, бемалол ба мо занг занед ё SMS (паёмак) фиристед:

Дар Душанбе:

+992 988 65 94 63
+992 988 65 94 64

Дар Прага:

+420 724 053 959

XS
SM
MD
LG