Пайвандҳои дастрасӣ

Дар Ӯзбакистон нархи машрубот боло меравад


Аз 1 январи соли 2016 дар Ӯзбакистон нархи фурӯши яклухт ва чаканаи машрубот, ба ғайр аз оби ҷав ё пиво афзоиш меёбад. Дар ин бора расонаҳои маҳаллӣ рӯзи 15 декабр хабар доданд.

Тибқи тасмими вазорати молия ва Кумитаи давлатии андози Ӯзбакистон, ки 3 декабри соли ҷорӣ тасвиб шудааст, аз Соли нав нархи фурӯши яклухти 1 литр спирт аз 15,6 то 25,2 фоиз бештар мешавад.

Масалан, нархи фурӯши яклухти шароб аз 3800 то 4500 сӯм боло меравад. Дар мағозаҳо қимати фурӯши ин навъи машрубот аз 4600 то 5400 сӯм хоҳад шуд. Арзиши фурӯши яклухти арақ ва навъҳои дигари машрубот аз 9000 сӯми ҳозира то ба 10500 (16,6%) баланд мешавад. Нархи фурӯши яклухти ҳадди андаки коняк ба ҷои 11100 сӯми феълӣ 13900 сӯм ва фурӯши чакана аз 13400 сӯми ҳозира то ба 16700 сӯм (+24,6%) бештар мешаванд.

XS
SM
MD
LG