Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Бергдал дар додгоҳи низомӣ муҳокима мешавад


Боу Бергдал
Боу Бергдал

Артиши ИМА мегӯяд, сержант Боу Бергдал, ки тақрибан панҷ сол дар асорати ҷунбиши “Толибон” дар Афғонистон буд, барои "фирор аз қисми низомӣ ва оҷизӣ дар назди душман" мавриди муҳокимаи додгоҳи низомӣ қарор мегирад. Дар ин бора расонаҳои амрикоӣ рӯзи 15 декабр хабар доданд.

Дар сурати тайид шудани иттиҳом ба сарбози амрикоӣ ҳабси абад таҳдид мекунад.

Боу Бергдалро, ки 30 июни соли 2009 баъд аз тарки пойгоҳи низомӣ ба асорати толибон афтода буд, соли гузашта бо панҷ узви ҷунбиши “Толибон” – маҳбусони зиндони Гуантанамо иваз карда буданд.

Вакили дифои сарбоз Юҷин Фиделл аз он шикоят кард, ки сиёсатмадорони воломақоми амрикоӣ бо пахши изҳороти саропо нафрат ҳаққи фарди зери ҳимояташ ба додгоҳи одилонаро поймол кардаанд. Доналд Трамп, номзад ба мақоми раисиҷумҳури Амрико аз ҳизби ҷумҳурихоҳон, Бергдалро “хоин” номида буд.

Ҳафтаи гузашта кумитаи Маҷлиси намояндагон бо нашри гузориши 98-саҳифагӣ аз тасмими Кохи Сафед барои иваз кардани Бергдал ба панҷ толиби маҳбус танқид кард.

XS
SM
MD
LG