Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Нигаронии Остона аз иҷрои хатои гимни кишвар


Баъд аз чанд мавриди иҷрои хатои гимн ё суруди миллӣ дар мусобиқаҳои бузурги ҷаҳонии ба ҳамаи сафоратхонаҳои Қазоқистон нома ирсол шуд, гуфт муовини вазири фарҳанг ва варзиш Сакен Мусайбеков.

Дар ин номаҳо дастур дода шудааст, ки минбаъд ба ташкилкунандагони мусобиқаҳои варзишӣ шакли дурусти суруди миллӣ дода шавад.

Суруди миллии пештараи Қазоқистон моҳи ноябр пеш аз оғози бозии хоккей миёни дастаҳои «Йокерит» - «Барис» дар Хелсинки садо дод. Ин суруди куҳнаи миллӣ ҳангоми бо ҷоиза сарфароз кардани вазнбардор Иля Илин дар мусобиқае дар Грозний ва ҳамчунин ҳангоми сарфароз шудани варзишгар Денис Тен дар Хорватия садо дода буд.

Суруди «Қазоқистони ман» («Менин Казакстаним») соли 2006 ҷойгузини суруди миллии пештараи Қазоқистон шуд. Оҳанги ин сурудро Шамши Калдаяков эҷод кардааст. Шоир Жумакен Нажимеденов ва президенти Қазоқистон Нурсултон Назарбоев муаллифони матни ин суруд муаррифӣ шудаанд.

XS
SM
MD
LG