Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Дар Душанбе бори аввал машваратҳои сиёсии дуҷониба миёни вазоратҳои умури хориҷии Тоҷикистону Узбакистон баргузор мешавад. Дар ин бора вазорати умури хориҷии Узбакистон рӯзи 15 декабр хабар додааст.

«17-18 декабри соли ҷорӣ дар Душанбе машварати сиёсии ҳайатҳои вазорати корҳои хориҷии Узбакистон ва Тоҷикистон бо роҳбарии муовинони вазирони ду кишвар барпо мешавад», - омадааст дар хабари вазорати умури хориҷии Узбакистон.

Дар ҷараёни машварат масоили ҷаҳонии минтақа, вазъи Ховари Миёна ва Афғонистон ва ҳамчунин ҳамкориҳои дуҷониба баррасӣ мешаванд.

Дар ибтидои моҳи декабр дар ҷараёни сафари соҳибкорони узбак ба Душанбе дар бораи густариши тиҷорат ва таъсиси Маркази тиҷоратии Узбакистон дар пойтахти Тоҷикистон созиш ҳосил шуда буд. Дар моҳи июн дар Тошканд севумин ҷаласаи комисияи байниҳукуматии Тоҷикистону Узбакистон дар масъалаи ҳамкориҳои тиҷоративу иқтисодӣ доир гашта буд.

XS
SM
MD
LG