Пайвандҳои дастрасӣ

CPJ: 199 хабарнигор дар зиндонанд


Хадиҷа Исмоилова, хабарнигори зиндонии озарӣ

Хадиҷа Исмоилова, хабарнигори зиндонии озарӣ

Кумитаи байнулмилалии дифоъ аз журналистон (CPJ) Чин ва Мисрро дар садри кишварҳое қарор дод, ки аз ҳама бештар кормандони расонаҳои хабарияшон пушти панҷараи маҳбас мераванд.

Ҳамзамон дар гузориши тозаи ин кумита, ки рӯзи 15 декабр нашр шуд, омадааст, дар маҷмӯъ теъдоди хабарнигорони зиндонӣ назар ба се соли ахир коҳиш ёфтааст. Айни ҳол дар кишварҳои гуногун 199 хабарнигор дар маҳбасанд, як сол пеш теъдоди онҳо 221 нафар буд. То аввалҳои моҳ дар Чин - 49, дар Миср - 23, дар Эрон - 19, дар Эритрея - 17 ва дар Туркия - 14 хабарнигор дар маҳбас буданд.

Миёни кишварҳои шӯравии собиқ аз ҳама бештар хабарнигорон дар Озарбойҷон маҳкум ба зиндон шудаанд. Дар ин кишвар 8 нафар, аз ҷумла, Хадиҷа Исмоилова, ки ба пажуҳиши хабарнигорӣ машғул буд ва бо Радиои Озодӣ кор мекард, дар зиндонанд. Ҳукумати раисиҷумҳури Озарбойҷон Илҳом Алиев барои таъқиби хабарнигорони мустақилу афроди дигарандеш борҳо мавриди танқиди созмонҳои байнулмилалӣ қарор гирифтааст.

Дар Русия, Қирғизистон ва Туркманистон як нафарӣ аз кормандони расонаҳои хабарӣ маҳкум ба зиндон шуданд, гуфта шудааст дар гузориши Кумитаи байнулмилалии дифоъ аз хабарнигорон. Муаллифон ба парвандаи Сафармамад Непесқулиев, хабарнигори бахши туркманиии Радиои Озодӣ ҳам ишора кардаанд, ки моҳи июли соли равон бо ҳукми додгоҳ равонаи зиндон шудааст. Дар Русия блогнавис Сергей Резник аз шаҳри Ростови соҳили Донро ба якуним соли маҳбас маҳкум карданд.

XS
SM
MD
LG