Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Пешниҳоди таъсиси минтақаи озоди тиҷоратӣ дар СҲШ


Имкон дорад миёни кишварҳои узви Созмони Ҳамкориҳои Шонгҳой (СҲШ) минтақаи озоди тиҷоратӣ роҳандозӣ шавад. Ли Кэтсян, нахуствазири Чин, рӯзи 15 декабр дар ҳошияи нишасти нахуствазирони кишварҳои узви СҲШ дар Чин дар ин замина ибрози назар кардааст.

Кэтсян гуфтааст, "дар ҷаласаи ҳайатҳо дар мавриди додани дастур ба вазирони тиҷорату иқтисоди кишварҳои узви ин созмон барои андешидани чораҳои зарурӣ дар заминаи таъсиси минтақаи озоди тиҷоратӣ тавофуқ шуд. Ин амр метавонад шароитро барои рушди тиҷорат дар доираи Созмони Ҳамкориҳои Шонгҳой боз ҳам беҳтар кунад".

Созмони Ҳамкориҳои Шонгҳой дар соли 2001 аз ҷониби Русия, Чин, Қазоқистон, Узбакистон, Қирғизистон ва Тоҷикистон таъсис шуда ва дар соли ҷорӣ Ҳиндустону Покистон ба ин созмон пайвастанд. СҲШ умдатан масоили амниятӣ, ҳамкориҳои иқтисодӣ, фарҳангӣ ва илмиро матраҳ мекунад.

XS
SM
MD
LG