Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Брюссел таҳримҳо алайҳи Русияро тамдид мекунад


Як мақоми аршади Иттиҳодияи Аврупо ба Радиои Озодӣ гуфт, ки Брюссел мехоҳад таҳримҳо иқтисодӣ алайҳи Русияро барои шаш моҳи дигар тамдид кунад. Ба гуфтаи ин манбаъ, дар ин бора дар нишасти сафирони Иттиҳодияи Аврупо 21 декабр тасмим гирифта хоҳад шуд. Таҳримҳо алайҳи бахшҳои молия, нафт ва низомӣ, ҳамчунин алайҳи мансабдорони алоҳида то 31 июли соли 2016 тамдид карда хоҳад шуд.

Қарор буд, ки дар нишасти вазирони умури хориҷии Иттиҳодияи Аврупо 14 декабр таҳримҳо алайҳи Русия афзоиш дода шаванд, аммо ҳафтаи гузашта Италия хостори баҳсу мунозира дар ин бора дар сатҳи волотар гардид. Интизор меравад, ки нахуствазири Италия Маттео Рензӣ ин мавзӯъро ба муҳокимаи нишасти сарони Иттиҳодияи Аврупо гузорад. Сарони Иттиҳодияи Аврупо ҳамин ҳафта гирди ҳам меоянд.

Таҳримҳо алайҳи Русия моҳҳои июл ва сентябри соли 2014 дар вокуниш ба илҳоқи нимҷазираи Қрим аз тарафи Русия ва кӯмаки Маскав ба ҷудоихоҳони рустабори Донбасс ҷорӣ карда шуданд.

Мӯҳлати таҳримҳои феълии Иттиҳодияи Аврупо 31 январи соли 2016 поён меёбад.

XS
SM
MD
LG