Пайвандҳои дастрасӣ

Боздошти як гумонбар дар сангсори Рухшона


Rukhshana

Rukhshana

Мақомоти Афғонистон мегӯянд, кормандони полис гумонбареро дар даст доштан дар сангсори Рухшона, як зани 19-сола дар вилояти Ғур боздошт карданд.

Волии Ғур Симо Ҷӯянда рӯзи 14 декабр ба Радиои Озодӣ хабар дод, ки боздоштшуда Абдулло Рамазон, сокини деҳаи Авдат, зодгоҳи зани сангсоршуда, аст.

Абдулҳай Хатибӣ, сухангӯи волии Ғур, дар сӯҳбат бо Радиои Озодӣ гуфт, боздошт дар чаҳорчӯби тафтиши парвандаи сангсори Рухшона дар Фирозкӯҳ, як мавзеъи воқеъ дар наздикиҳои маркази вилоят, сурат гирифтааст.

Навори видеоӣ, ки дар он Рухшонаро дар як чуқурӣ ҷой кардаанд ва гурӯҳи мардон бо санг ба сари ӯ мезананд, дар интернет ҳангомаи зиёд барангехт. Хатибӣ мегӯяд, мақомот аз рӯи ин навор шахсияти беш аз 30 нафар аз муҷримону шоҳидони ҳодисаро муқаррар карданд ва ҷустуҷӯи онҳо идома дорад.

Гуфта мешавад, ки Рухшона ва дилдодааш Муҳаммад Гул хонаводаҳои худро тарк намуда, мехостанд, ки бо ҳам издивоҷ кунанд. Муҳаммад Гули 23-соларо дар маҳзари ом ҳалқовез карданд.

Волидайн ва хоҳарони Рухшона ба хотири амнияташон аз Фирозкӯҳ ба як мавзеи амн интиқол доа шудаанд, гуфтааст Абдулҳай Хатибӣ.

XS
SM
MD
LG