Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Арманистон низоми парлумониро интихоб кард


Комисияи Марказии интихоботии Арманистон рӯзи 13 декабр натиҷаҳои ниҳоии раъйпурсии 6 декабрро эълон кард. Аз пешниҳоди раисиҷумҳур Серж Саргсян барои ислоҳоти Қонуни асосӣ бештар аз 63 дарсади раъйдиҳандагон ҷонибдорӣ кардаанд. Каме бештар аз 32 дарсад раъйи мухолиф додаанд.

Комисияи интихоботӣ ҳамчунин гуфт, шикояти ҳизби мухолифи «Эътилофи миллии арманӣ»-ро баррасӣ мекунад. Ин ҳизб талаб кардааст, ки натиҷаҳои раъйпурсӣ эътироф нашаванд, зеро ба иддаои ҳизб, дар ҷараёни раъйдиҳӣ ва шумориши овозҳо қонуншиканиҳои зиёд рух дода, ба натиҷаи назарпурсӣ таъсири амиқ гузоштаанд.

Ба гуфтаи мухолифон, гузаштан ба низоми парлумонӣ дар навбати аввал ба фоидаи президент Саргсян аст, ки дар соли 2018 ҳаққи номзад шудан ба мақоми президентиро надорад. Тағйири Қонуни Асосӣ ба ӯ имкон медиҳад, ки ба ҳайси сарвазир сари қудрат бимонад. Дар низоми нав сарвазир амалан нафари аввали кишвар хоҳад буд.

XS
SM
MD
LG