Пайвандҳои дастрасӣ

Туркҳо қароргоҳи Башиқаи Ироқро тарк намуданд


Бархе аз низомиёни Туркия, ки дар шимоли Ироқ мустақар шуда буданд, қароргоҳи Башиқа дар канори шаҳри Мовсилро тарк намуданд. Дар ин бора хабаргузории давлатии Анатолиа рӯзи 14 декабр иттилоъ дод. Шаҳри Мовсил ҳоло таҳти назорати гурӯҳи «Давлати исломӣ» қарор дорад.

Дафтари нахуствазири Туркия охири ҳафтаи гузашта эълом дошт, ки низомиёни худро аз қароргоҳи Башиқа берун мекунад.

Аммо дар хабарҳо гуфта нашудааст, ки нерӯҳои турк ба кишвар баргаштаанд ё ба дигар минтақаи Ироқ интиқол ёфтаанд.

Ҷойгирсозии нерӯҳои турк дар Башиқа боиси эътирози ҳукумати Ироқ шуд – Бағдод изҳор намуд, ки низомиёни туркро даъват накардааст ва онҳо бояд кишварро тарк намоянд. Аммо Туркия мегӯяд, ки нерӯҳояш шибҳанизомиёни ироқиро барои аз дасти гурӯҳи «Давлати исломӣ» гирифтани шаҳри Мовсил тамрин медиҳанд.

Мақомоти ироқӣ гуфтанд, ки агар нерӯҳои туркӣ бо хоҳиши худ кишварро тарк накунанд, онҳо барои ҳалли ин мушкил Шӯрои амнияти Созмони Милалро ҷалб хоҳад кард.

XS
SM
MD
LG