Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Ду ҷоизаи филмҳои тоҷикӣ дар ҷашнвораи Уфа


Ду филми тоҷикӣ дар ҷашнвораи байналмилалии филмҳои милливу этникии “Оқбузати нуқрагин” дар Уфа, пойтахти ҷумҳурии Бошқирдистони Русия, соҳиби ҷоиза шудаанд.

Расми тақдими ҷоизаҳои ин ҷашнвора шоми 13 декабр дар Конгресс Ҳолли Уфа доир шуд. Филми “Як ҷаҳон - дар як қатра об” (“В капле воды - весь мир”)-и коргардони тоҷик Толиб Гадомамадов ҷоизаи вижаи ҳайъати ҳакамон “Барои инъикоси маросими миллӣ”-ро ба даст овард.

Филми ҳунарии кутоҳметражаи “Гунҷишки сафед”-и Диловар Султонов низ соҳиби ҷоизаи вижаи ҳайъати ҳакамони ин ҷашнвораи байналмилалӣ гардид.

Шоҳҷоизаи “Оқбузати нуқрагин” насиби филми “Настя”-и коргардони рус Кирилл Плетнёв шуд.

XS
SM
MD
LG