Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Бохти ҳизби Мари Ли Пен дар интихоботи Фаронса


Дар интихобот ҳизби Саркозӣ пирӯз шуд
Дар интихобот ҳизби Саркозӣ пирӯз шуд

Ҳизби ростгарои “Ҷабҳаи миллӣ” таҳти раёсати Мари Ли Пен дар даври дуввуми интихоботи маҳаллӣ дар Фаронса шикаст хурд. Намояндагони ин ҳизб дар ин даври интихоботи маҳаллӣ, ки рӯзи 13 декабр баргузор шуд, дар ягон минтақа пирӯз нашуданд.

“Ҷабҳаи миллӣ”, ки дар даври аввал дар 6 минтақа баранда шуда буд, дар феҳристи ниҳоӣ баъд аз ҳизби ҷумҳурихоҳони раисиҷумҳури пешин Никола Саркозӣ ва ҳизби сотсиалистии раҳбари феълии кишвар Франсуа Ҳолланд дар мақоми саввум ҷой гирифт.

Баъд аз даври аввали интихобот сотсиалистҳо номзадҳои худро дар ду минтақа - Нор-Па-де-Кала ва Прованс бозхонданд, то дар он ҷойҳо ҷонибдорони Никола Саркозӣ аз болои номзадҳои ҳизби ростгарои “Ҷабҳаи миллӣ” пирӯз шаванд.

Мари Ле Пен рӯзи 14 декабр шикасти ҳизбаш дар даври дуввумро эътироф кард ва аммо изҳор намуд, ки муборизаи сиёсиро идома хоҳад дод. Ӯ рақибони худро дар дурӯғу пахши ахбори нодуруст айбдор кард.

XS
SM
MD
LG