Пайвандҳои дастрасӣ

Нируҳои Афғонистон шӯришиёни Толибонро дар минтақае дар вилояти Ҳилманд аз пешравӣ нигоҳ медоранд. Абдулраҳмон Сарҷанг-раиси пулиси вилояти Ҳилманд гуфт, 13 декабр нируҳои ҳукуматӣ дар атрофи раёсати пулис ва ситоди нируҳои мусаллаҳи вулусволии Марҷаҳ дар дохили сангарҳо қарор доштанд.

Бо вуҷуди ин вай изҳор дошт, ки минтақаҳои атроф ба контроли шӯришиёни Толиб даромадааст. Вилояти Ҳилманд дар гузаштаҳо низ яке аз марказҳои шӯришиён ба шумор мерафт ва акнун баъд аз хуруҷи нируҳои эътилофи байналмиллалӣ онҳо ҳамлаҳои худро афзоиш додаанд.

Абдулраҳмон Сарҷанг-раиси пулиси Ҳилманд гуфтааст, ки онҳо барои поккорӣ кардани минтақа аз вуҷуди шӯришиёни Толиб амалиётеро ба нақша гирифтаанд.

Видеоҳои охирин

Ба мо нависед

Хабару акс ва видеоҳои худро аз тариқи IMO, Вайбер ва Вотсапп ба ин шумораи мо фиристед: +420 724 053 959

XS
SM
MD
LG