Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Ҳалокати 23 нафар дар сӯхтори Воронеж


Шумораи қурбониёни сӯхтори парваришгоҳи бемориҳои равонӣ дар вилояти Воронежи Русия ба 23 нафар расидааст. 2 нафари ахир дар бемористон ҷон додаанд. 20 нафари дигар дар ҳолати вазнин мебошанд.

Бино ба маълумоти муқаддамотӣ дар ин парваришгоҳ 74 нафар, аз ҷумла 4 корманди тиббӣ қарор доштаанд. 29 нафари беморон барҷомонда мебошанд.

Сӯхтор шаби шанбе дар яке аз биноҳои парваришгоҳ дар рустои Алфёровкаи ноҳияи Новохопёрский сар задааст. Оташнишонҳо то дами субҳ сӯхторро хомӯш карданд.

Дар бораи сабабҳои сӯхтор то ҳол гузориш надодаанд, вале бар асоси таҳқиқоти муқаддамотӣ сӯхтор аз дастгоҳи барқии гармидиҳанда ба амал омадааст.

XS
SM
MD
LG