Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Дар Порис мувофиқатномаи таърихӣ ба даст омад


Ҳайатҳои намояндагӣ дар конфронси СММ роҷеъ ба тағири иқлим дар Пориси Фаронса мувофиқатномаи сартосариро роҷеъ ба тағири иқлим ба тасвиб расонданд.

Тақрибан 200 кишвар нахустин санади вобаста ба иқлимро пазируфтанд ва ин санад ҳамаи кишварҳоро муваззаф месозад, ки газҳои гулхонаии худро коҳиш диҳанд. Ин тавофуқ дар поёни музокироти ҳайатҳо ба даст омад, ки ду ҳафта давом кард.

Санади мазкур соли 2020 эътибор пайдо мекунад. Барак Обама-раиси ҷумҳури Амрико гуфт, “Мо нишон додем, ки чӣ коре имконпазир аст, вақте ки ҷаҳон муттаҳид аст”. Обама ин суханонро дар нишасти хабарӣ ҳангоми истиқбол аз натиҷаҳои конфронси Порис изҳор дошт.

Вай гуфт, “ин мувофиқатнома имкони беҳтарин барои наҷоти ягона сайёраест, ки мо дорем”. Обама иддао кард, ки мувофиқатномаи мазкур натиҷаи тадбил додани Амрико ба кишвари пешсаф барои тағири иқлим мебошад, ки дар солҳои раҳбарии вай муяссар шудааст.

Анегела Меркел-нахуствазири Олмон мувофиқатномаи мазкурро “нуқтаи таърихии чархиш” арзёбӣ кард. Вай афзуд, хушҳол аст, ки маҳофили байналмиллалӣ бори аввал уҳдадор шуданд, ки бар зидди тағири иқлим мубориза хоҳанд кард.

Дар ин мувофиқатнома қарор шудааст, ки гармоиши сайёра дар сатҳи камтар аз 2 дараҷа нигоҳ дошта шавад. Бояд талош кард, то гармоиш аз 1,5 дараҷа боло наравад.

XS
SM
MD
LG