Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

СММ гузоришро дар бораи ҷангҳои Қундуз ба нашр расонд


Намояндагии СММ дар Афғонистон гузориши худро дар бораи вазъи ҳуқуқи инсон дар шаҳри Қундуз ба нашр расонд. Дар ин гузориш, ки 12 декабр ба нашр расид, гуфта мешавад, ки дар моҳҳои сентябр-октябри соли ҷорӣ дар даргириҳои миёни Толибон ва нируҳои амниятӣ дар ин шаҳр 289 нафар кушта, 599 нафар шаҳрвандон ҷароҳат бардоштаанд.

Ба ин талафоти ҷонӣ 30 нафаре низ дохил мешаванд, ки дар ҳамлаҳои ҳавоии 3 октябри нируҳои ҳавоии Амрико дар шифохонаи Қундуз кушта шудаанд. Дар ин шифохона Пизишкони бидуни марз кор мекарданд. Дар ин ҳамлаи ҳавоӣ 37 нафари дигар захмӣ шуда буданд.

Дар гузориш ҳамчунин омадааст, ки 13 ҳазор хонавода маконҳои зисти худро тарк кардаанд. Дар бораи камбуди ғизо, камбуди нируи барқ, дуздӣ ва нақзи ҳуқуқи инсон низ гузориш дода шудааст.

Дар гузориш омадааст, “набуди амният, набуди идораи умури давлатӣ, қонуншиканӣ сабаби ҳимоят нашудани ҳуқуқҳои аввалияи мардум шудааст.

Аз соли 2001 ба ин сӯ, яъне аз замони суқути Толибон тавассути нируҳои эътилофи зери фармондеҳии Амрико ҳамлаҳои Қундуз бадтарин нақзи ҳуқуқи инсон ба шумор меравад.

XS
SM
MD
LG