Пайвандҳои дастрасӣ

Ҳамаи ҳамлакунандагони Толибон кушта шуданд


Мақомоти расмии Афғонистон 12 декабр гуфтанд, ки нируҳои амниятии ин кишвар 4 шӯриширо ба қатл расондаанд. Ин шӯришиён дар ҳамла ба меҳмонхонаи сафорати Испания дар Кобул даст доштаанд.

Дар ҳамлаи шӯришиён як корманди амниятии сафоратхонаи Испания кушта шуда буд. Илова бар ин 4 корманди пулиси афғон ба ҳалокат расид. 7 нафар ҷароҳат бардоштаанд ва дар бемористон муолиҷа мегиранд.

Ҳамлакунандагон шоми 11 декабр аввал мошини бамгузоришударо тарконданд, сипас ба маҳали хобгоҳи сафоратхона даромаданд ва тирандозӣ бо нируҳои амниятӣ соатҳо давом кард. Садои тирандозӣ ва таркишҳо то бомдод ба гӯш мерасид.

Сиддиқ Сиддиқӣ-сухангӯи вазорати корҳои дохилаи Афғонистон дар паёме, ки дар сафҳаи Twitter-и худ гузоштааст, мегӯяд, ки ҳамаи ҳамлакунандагонро нируҳои вижаи Афғонистон ба қатл расондаанд.

Масъулияти ин ҳамларо Толибон бар дӯш гирифтаанд. Ин ҳамла замоне сурат гирифт, ки чанд рӯз пеш Ашраф Ғанӣ-раиси ҷумҳури Афғонистон аз ширкат дар конфронси амниятии минтақаӣ аз Исломободи Покистон баргашт.

XS
SM
MD
LG