Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Конфронси иқлими Порис ба тавофуқ наздик шудааст


Бан Ки Мун ва Лорен Фабиус

Бан Ки Мун ва Лорен Фабиус

Бино ба гузоришҳо, музокиракунандагони байналмиллалӣ дар конфронси тағири иқлим дар Пориси Фаронса ба тавофуқ наздик шудаанд. Ин тавофуқ ба мубориза бо тағири иқлим иртибот хоҳад дошт.

Пешнависи ин мувофиқатнома аз тарафи Франсуа Олланд-раиси ҷумҳури Фаронса ва Бан Ки Мун-Дабири Кулли СММ пешниҳод хоҳад шуд.

Ин конфронс бояд 11 декабр ба поён мерасид, вале ҳайатҳои музокира онро як рӯзи дигар тамдид карданд ва тамоми шаб ба таҳияи пешнависи мувофиқатнома машғул буданд.

Мақомот ҷузъиёти пешнависи мувофиқатномаро ошкор накардаанд, вале мегӯянд, ки бори аввал дар бораи тағири иқлим чунин санад барои маҳофили байналмиллалӣ таҳия ва пешниҳод мешавад.

Намояндагони тақрибан 195 кишвар дар музокироти Порис ширкат ҷустанд. Протоколи Киото дар бораи иқлим соли 1997 аз тарафи кишварҳои пешрафтаи саноатӣ ба имзо расид, вале он ҳеҷ гоҳ дар СММ ба тасвиб нарасида буд.

Лиу Ҷенмин намояндаи Чин гуфт, вай бовар дорад, ки мувофиқатномаи кунунӣ ба ба тасвиб хоҳад расид. Лорен Фабиус-вазири корҳои хориҷаи Фаронса низ гуфт, ки ба бовари вай конфронс дар иҷрои ҳадафҳои худ муваффақ хоҳад шуд.

XS
SM
MD
LG