Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Касянов дар интихобот мухолифонро раҳбарӣ мекунад


Михаил Касянов

Михаил Касянов

Михаил Касянов-нахуствазири пешини Русия мухолифони демократии ин кишваро дар интихоботи порламонии соли 2016 раҳбарӣ хоҳад кард.

Ин эъломия 11 декабр дар Маскав дар мулоқоти муштараки ҳизби Парнаси Касянов ва ҳизби сабтиномнашудаи Прогресси Алексей Навалний пахш шуд.

Касянов дар сархати феҳристи номзадҳои интихоботии ин ҷунбиш қарор хоҳад дошт. Номзадҳои дигари ин феҳристро моҳҳои оянда дар мулоқотҳои сартосарии кишвар интихоб хоҳанд кард. Дар ин феҳрист то шаш нафар намоянда номнавис хоҳанд шуд.

Бо вуҷуди он ки Эътилофи Демократӣ зери номи Парнас дар интихобот ширкат хоҳад кард, вале ба он ҳизби сабтиномнашудаи Прогресс, Ҳизби Озодихоҳ, Ҳизби 5 декабр ва ҳизби Интихоби Демократӣ дохил мешаванд. Сабаб ин аст, ки аз ҳамаи ин ҳизбҳо танҳо ҳизби Парнас дар вазорати адлияи Русия чун ҳизби расмӣ сабти ном шудааст.

Ин эътилоф мехоҳад, ки номзадҳои худро дар шаҳрҳои бузурги Русия аз қабили Маскаву Санкт-Петербург ва Новосибирску Екатеринбург вориди маъракаи интихоботӣ кунад.

XS
SM
MD
LG