Пайвандҳои дастрасӣ

Толибон масъулияти ду ҳамларо бар дӯш гирифтанд


Дар таркиши баме дар шаҳри Кветтаи Покистон як сарбоз кушта се нафари дигар ҷароҳат бардоштаанд. Ин таркиш дар посгоҳи низомӣ нисфирӯзии 12 декабр рух додааст. Дар ин бора як мақоми расмӣ хабар додааст.

Дар як ҳодисаи дигар дар шаҳри Карочии Покистон як афсари бознишаста ҳадафи тир қарор гирифтааст. Ду марди мототсикилсавор дар назди хобгоҳи низомиён ҳангоми ҳаракат ба сӯи вай тир холӣ кардаанд.

Сухангӯи Толибон мегӯяд, ки масъулияти ин ду ҳамларо онҳо бар дӯш мегиранд. Вай дар ин бора ба бахши покистонии Радиои Озодӣ низ нома фиристодааст.

XS
SM
MD
LG