Пайвандҳои дастрасӣ

Таркиш маҳалли зисти дипломатҳоро дар Кобул такон дод


Дар маркази шаҳри Кобул, дар маҳалли зисти дипломатҳои хориҷӣ таркиши шадиде ба вуқӯъ омад. Полис гуфт, дар маҳаллаи Шерпури пойтахти Афғонистон шоми 11 декабр бомбае дар дохили мошин инфиҷор кард. Ҳанӯз иттилое дар бораи қурбониҳои эҳтимолӣ дар даст нест. Полис маҳалларо иҳота кардааст. Ин ҳамла соатҳое ба амал омад, ки Ашраф Ғанӣ, президенти Афғонистон аз ширкат дар як конфронси сулҳи Исломобод баргашт. Ин нишаст бо ҳадафи музокироти сулҳ бо Толибон анҷом шуд.

XS
SM
MD
LG