Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Истеъфо баъди танқиди президент Ашраф Ғанӣ


Раҳматулло Набил

Раҳматулло Набил

Сардори Идораи амнияти миллии Афғонистон Раҳматулло Набил ба истеъфо рафт. Набил гуфт, ки дар паи ихтилофҳо дар сиёсати кор бо президент Ашраф Ғанӣ ӯ тасмим гирифт аз вазифааш канор равад. Рӯзи 9 декабр Раҳматулло Набил дар саҳифаи худ дар шабакаи Фейсбук аз сафари Ашраф Ғанӣ ба Покистон бо ҳадафи ширкат дар конфронси минтқавие, ки аз ҷониби нахуствазир Навоз Шариф ташкил шудааст, шадидан интиқод кард. Набил Покистонро дар пуштибонии Толибон дар Афғонистон муқассир медонад ва дар изҳороти ахири худ ҳамчунин гуфтаҳои Навоз Шарифро мавриди интиқод қарор дод, ки гуфтааст, “Покистон душмандони Афғонистонро душмани худ медонад”. Наби гуфт, ин изҳорот дар ҳоле садо медиҳад, ки Толибон афроди бегуноҳро мекушанд.

XS
SM
MD
LG