Пайвандҳои дастрасӣ

Муфаттишони рус Михаил Ходорковский, сиёсатмадори мунаққиди Кремлинро дар ташкили 2 куштор ва чаҳор ҳодисаи талоши куштор муттаҳам карданд. Владимир Маркин, сухангӯи Кумитаи тафтишот рӯзи 11 декабр ба Интерфакс гуфт, ки Ходорковский дар куштори мири шаҳри Нефтеюганск Владимир Петухов дар соли 1998 ва ҳам муҳофизи раиси ширкати Petroleum Handelsgas Евгений Рибин муттаҳам мешавад. Инчунин, ба гуфтаи тафтишот, се нафари дигар дар паи кӯшиши куштор маҷрӯҳ шудаанд. Иттиҳомоти нав бар зидди Ходорковский баъди он эълон шуд, ки соҳибкори дар зиндон 10 сол сипарикарда, гуфт, барои Русия як инқилоб зарур ва ногузир аст. Муфаттишон гуфтанд, ки моҳи июни имсол қазияи куштори Петуховро аз нав ба баррасӣ гирифтанд. Ходорковский ҳоло дар Лондон ба сар мебарад ва ӯ гуфт, ки парвандаи нав бо амри Владимир Путин боз шудааст. Сарватмандтарин сокини Русия соли 2003 бо иттиҳоми ҷиноёти молӣ боздошт ва ба зиндон андохта шуд. Худи Ходорковский мегӯяд, ки ҳукми ӯ қасдгириҳои сиёсии Кремлин буд. Соли 2013 Ходорковский бо амри шахсии Путин афв шуд ва дафъатан ба Швейсария кӯч баст.

XS
SM
MD
LG