Пайвандҳои дастрасӣ

Мақомоти Русия гуфтанд, ки бо вуҷуди ангезаҳои сиёсӣ доштани тасмими ахири Сандуқи байналмилалии пул, ки ба Украина роҳҳои пардохти қарзи Русияро осон мекунад, узвияти ин созмонро тарк намекунад. “Ин муассиса дар шароити феълии чолишбарангези иқтисоди ҷаҳон махсусан муҳим ва зарур мебошад”, гуфт вазири молияи Русия Антон Силуанов дар мулоқоташ бо журналистон рӯзи 10 декабр. Ин изҳорот рӯзе баъди он нашр шуд, ки Силуанов қарори Сандуқи байналмилалии пулро оид ба тағйири баъзе қоидаҳои кор дар миёни аъзои ин созмон “ғайримунсифона” хонд. Ин ниҳоди молӣ қарори манъи додани қарз ба кишварҳои узви созмонро, ки қарзҳои худро дар баробари дигар кишварҳо пардохт накардаанд, манъ мекард.

Видеоҳои охирин

Ба мо нависед

Хабару акс ва видеоҳои худро аз тариқи IMO, Вайбер ва Вотсапп ба ин шумораи мо фиристед: +420 724 053 959

XS
SM
MD
LG