Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Омодагии мухолифини Сурия барои музокирот бо ҳукумат


Конфронс дар Саъудия ҷараён гирифт

Конфронс дар Саъудия ҷараён гирифт

Аксар аъзои гурӯҳҳои мухолифини Сурия барои музокирот бо ҳукумат дар моҳи оянда бо ҳадафи хатми ҷанги панҷсолаи шаҳрвандӣ ва дастёбии эҳтимолӣ ба созиши сулҳ изҳори омодагӣ карданд. Баъди ду рӯзи музокирот, ки бо сарпарастии Арабистони Саъудӣ ҷараён гирифт, беш аз 100 вакил ба намояндагӣ аз гурӯҳҳои мухталифи сиёсӣ, аз ҷумла, гурӯҳҳои дунявии сиёсии тарафдори президент Башор Асад то гурӯҳҳои саркаши исломӣ гуфтанд, ки омода ҳастанд вориди музокироти сулҳ бо ҳукумати Асад шаванд. Дар ин бор рӯзи 11 декабр раиси конфронс дар Саъудия изҳорот пахш кард. Дар изҳорот гуфта мешавад, ки аъзои нишаст омода ҳастанд дар чаҳорчӯби фурсате, ки аз ҷониби СММ таъйин мешавад, вориди музокирот шаванд. Вале мухолифин барои таъмини ҳузури худ дар гуфтугӯҳо як шарт гузоштаанд, ки аз Башор Асад ва ёваронаш талаб мекунад қудратро тарк кунанд, то ки дар кишвар як марҳилаи гузариш эҷод ва шароити баргузории интихоботи демократӣ фароҳам оварда шавад. Аз ин созиш ИМА ба таври фаврӣ пуштибонӣ кард. Ҷон Керрӣ, вазири хориҷаи Амрико гуфт, ин таҳаввулоти мусбат ба хотири бунёди як Сурияи демокративу гуногунандеша аст ва ИМА аз он истиқбол мекунад.

XS
SM
MD
LG