Пайвандҳои дастрасӣ

Дар Қирғизистон ду муттаҳам куштори полис нобуд шуданд


Нирӯҳои амниятии Қирғизистон ду муттаҳам ба терроризмро, ки дар куштори як афсари полис даст доштанд, нобуд карданд. Кумитаи давлатии амнияти миллии Қирғизистон дар сӯҳбат бо бахши Қирғизии радиои Озодӣ рӯзи 11 декабр гуфт, ки ду муттаҳам эҳтимолан аъзои созмони тундгарои исломии “Ҷаишул Маҳдӣ” буданд ва дар як амалиёте кушта шуданд, ки шабонгоҳ ҷараён гирифт. Ин ду нафар дар куштори полисе дар шаҳри Бишкек моҳи ноябри соли гузашта муттаҳам мешуданд. Мақомоти Қирғизистон аз ҳодисаҳои афзояндаи ҳамла ба полис аз ҷониби гурӯҳҳои тундгарои исломӣ изҳори нигаронӣ мекунанд. Мисли дигар кишварҳои Осиёи Марказӣ, садҳо марду зан аз Қирғизистон ҳам бо ҳадафи ширкат дар ҷангҳо дар ҷониби гурӯҳи “Давлати Исломӣ” ба Сурияву Ироқ рафтаанд.

XS
SM
MD
LG