Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Тоҷикистони то истиқлол дар аксҳои сиёҳу сафеди Олимпур


Муҳиддин Олимпур
Муҳиддин Олимпур

Дар остонаи 20-умин солгарди қатли Муҳиддин Олимпур, хабарнигори бахши форсии Радиои Би-би-сӣ дар қароргоҳи сафири Бритониё дар Душанбе намоиши аксҳои ӯ баргузор шуд.

Дар остонаи 20-умин солгарди қатли Муҳиддин Олимпур, хабарнигори бахши форсии Радиои Би-би-сӣ дар қароргоҳи сафири Бритониё дар Душанбе намоиши аксҳои ӯ баргузор шуд. Ҳю Филпотт, сафири Бритониё дар Тоҷикистон, шоми 10 декабр дар ин маросим гуфт, ки аксҳои сиёҳу сафед ва рангаи Олимпур бозгӯи таърихи то замони истиқлол ва Тоҷикистони мустақил аст.

Ба қавли Филпотт, агар касе ҳам Тоҷикистонро надидааст, тавассути аксҳои Олимпур дар мавриди табиати зебо, фарҳангу ҳунар ва мардуми ин кишвар тасаввуроти кофӣ пайдо хоҳад кард. Сафири Бритониё аз он ибрози таассуф кард, ки Муҳиддин Олимпур дар айни камолоти эҷодӣ аз ҷониби қотилон ба таври ваҳшиёна кушта шуд.

Ин фоҷиа дар шоми сарду торики 12 декабри соли 1995 иттифоқ афтод ва риштаи умри Олимпур тавассути афроди мусаллаҳ бурида шуд. Замоне, ки Олимпур ба қатл расид, дар Тоҷикистон ҷанги дохилӣ идома дошт ва пайдову боздошти омилони ин ҳодиса кори сахте буд.

Сафири Британия: Аксҳои сиёҳу сафеди Олимпур бозгӯи таърихи Тоҷикистон аст
лутфан мунтазир бошед

Феълан кор намекунад

0:00 0:02:05 0:00

Танҳо дар соли 2001, пас аз истиқрори сулҳу субот дар Тоҷикистон аз ҷумлаи кормандони Вазорати корҳои дохилӣ ва Додситонии кулл комиссияи муштаракро барои бозрасии қатлҳои пурсару садои чеҳраҳои саршиноси кишвар таъсис доданд. Дар ҷараёни муҳокимаи қазияи қатли Муҳиддин Олимпур дар Додгоҳи олӣ дар моҳи октябри соли 2008 Насрулло Шарифов, фарди гумонбар аз ноҳияи Ваҳдат дар ин ҷиноят иброз дошт, ки бо туфангча ба пешона ва синаи Олимпур тир задааст.

Аммо ба суоли Бибиофоқ, ҳамсари Муҳиддин Олимпур, ки чаро ин корро кард ва мақсад аз қатл чӣ буд, Насрулло Шарифов посухе надод. Додгоҳи олии Тоҷикистон Насрулло Шарифовро ба муддати 15 сол ва чор нафар аз шарикони ӯро ба муддатҳои аз 8 то 10 сол равонаи зиндон кард.

Нафарони муттаҳам аъзои гурӯҳи мусаллаҳи Нозим Юнусов ё Эшони Нозим буданд, ки солҳои ҷанги шаҳрвандӣ алайҳи неруҳои давлати Тоҷикистон дар минтақаи Ромит меҷангид. Ин фармондеҳ баъдан дар ҷараёни ҷангҳо кушта шуд.

Қарор буд, дар нимаи дуюми моҳи декабри соли 1995 дар шаҳри Теҳрон, пойтахти Эрон намоиши аксҳои Муҳиддин Олимпур баргузор шавад, аммо марги нобаҳангом даст надод, то ин орзуи ӯ амалӣ шавад. Пас аз марги Олимпур ҳудуди 10 намоиши аксҳояш бо номҳои “Гулдухтарони тоҷик”, “Афғонистон аз нигоҳи дӯст”, “Пирамард” ва “Табиати Тоҷикистон” дар шаҳри Душанбе баргузор шудааст.

Муҳиддин Олимпур аз пешоҳангони журналистикаи тоҷик шинохта шуда ва дар солҳои гуногун дар нашрияҳои «Комсомоли Тоҷикистон», «Адабиёт ва санъат», ҳамзамон ба ҳайси тарҷумон дар Афғонистон, мудири бахш дар Оҷонсии давлатии иттилоотии ТоҷикТА (имрӯза "Ховар") ва сар аз соли 1993 то замони кушта шудан ба ҳайси мудири бахши душанбегии Радиои Би-би-сӣ фаъолият кардааст. Муаллифи силсилаи барномаҳои радио ва телевизионӣ ва ду китоб, барандаи Ҷоизаи Иттиҳоди журналистони Тоҷикистон ба номи Лоҳутӣ мебошад.

Зимнан, бино ба гузориши Хазинаи “Гиромидошт ва дифоъ аз ҳуқуқи журналистони Тоҷикистон” дар даврони нооромиҳо дар Тоҷикистон дар даҳаи 1990 беш аз 70 журналист аз сӯйи афроди мусаллаҳи мухталиф кушта шудаанд. Аммо ба гуфтаи Нуриддин Қаршибоев, раиси Анҷумани миллии расонаҳои мустақили Тоҷикистон, танҳо қазияи қатли Муҳиддин Олимпур, Сайф Раҳим ва Отахон Латифӣ дар додгоҳ муҳокима шуда ва қотилон муҷозот шудаанд.

XS
SM
MD
LG