Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Гулрухсор дар миёни ҳашт барандаи ҷоизаи сулҳи "Симурғ"


Аз Тоҷикистон шоири саршинос Гулрухсор Сафиева ва фаъоли ҷомеаи мадании тоҷик Меҳрнигор Баҳронова барандагони ҷоизаи байналмилалии сулҳи "Симурғ" эълон шудаанд.

Гулрухсор Сафиева, шоири саршинос ва Меҳрнигор Баҳронова, фаъоли ҷомеаи мадании тоҷик, барандагони ҷоизаи байналмилалии сулҳи "Симурғ" шуданд. Ин ҷоиза дар дуним сол як бор дар бахшҳои мухталиф ба афроди намоёни Тоҷикистону Афғонистон ва Эрон аз сӯи бунёди байналмилалии "Ормоншаҳр" дода мешавад.

Имсол дар қатори ду намояндаи Тоҷикистон шаш намояндаи дигари Афғонистону Эрон низ барандаи ҷоизаи сулҳи "Симурғ" эълон шуда, тақдими ҷоизаҳо рӯзи 10 декабр сурат гирифтааст. Бунёди "Ормоншаҳр" мегӯяд, ки имсол ин ҷоиза ба заноне аз Тоҷикистон, Афғонистон ва Эрон дода шуд, ки посдорони воқеии сулҳанд - заноне, ки аз ҷанг ва ҷангафрӯзӣ безоранд ва бо ибтикороти худ дар муқобили он истодаанд.

Ин ҷоизаро аз Афғонистон Ҳурия Мусаддиқ, Амма Сакина, Марям Дурронӣ, Фархунда Раҷабӣ ва аз Эрон Меҳрнигор Кор дарёфт кардаанд. Бунёди "Ормоншаҳр", инчунин, аз Ваҳид Қосимӣ аз Афғонистон, ки аз тариқи мусиқӣ ва пажӯҳиш сафири сулҳ ва дӯстӣ эълон шудааст, қадрдонӣ кардааст.

Гулрухсор Сафиева

Гулрухсор Сафиева

Ин созмони байнулмилалӣ, ки дар Порису Кобул дафтар дорад, аз намояндаи Тоҷикистон Гулрухсор Сафиева ба унвони шахсияте ном бурдааст, ки солҳо дар роҳи худшиносӣ ва ҳуввияти миллии Тоҷикистон талош кардааст. "Гулрухсор аз ҷонибдорони робитаи ҷиддӣ миёни се кишвари форсизабони Эрон, Тоҷикистон ва Афғонистон мебошад," -- таъкид шудааст дар варақаи иттилоотии ин созмон.

Бунёди "Ормоншаҳр" Гулрухсор Сафиеваро шахсе муаррифӣ кардааст, ки бовар дорад табдили хатти форсӣ ба сириллик дар Тоҷикистон сабаби шикоф ва ҷудоии бузурге миёни тоҷикон ва форсизабонҳои дигар шудааст: "Вазифаи мо ҳифзи мероси бузург аст, ки бузургонамон боқӣ гузоштаанд. Мутаассифона, дар тӯли сад соли ахир, мо аз ҳамдигар ҷудо будаем, мехоҳам таъкид кунам, ки миллати ориёӣ ҳастем, ки агарчӣ маҷбуран аз назари физикӣ дур аз ҳамем, аммо тафаккур ва забонамон моро ба ҳам пайванд мекунад."

Гулрухсор аз ҷумлаи машҳуртарин шоирони даврони муосири тоҷик аст, ки то ба ҳол даҳҳо китоби ӯ нашр шудааст. Китобҳои ин шоири тоҷик ба чандин забонҳои дигар ба табъ расида ва дар Эрон низ бо ҳуруфи форсӣ мунташир шудаанд.

Дар қатори дигар барандагони ҷоизаи сулҳи "Симурғ" намояндаи дигари Тоҷикистон Меҳрнигор Баҳронова дида мешавад, ки ба поси як умр фаъолияти иҷтимоӣ барои занон ва кӯдакон ба ин ҷоиза қадрдонӣ шудааст. "Ормоншаҳр" дар бораи хонум Баҳронова мегӯяд, "зане аст зодаи шарқи Тоҷикистон ва ӯро метавон сафири сулҳе донист, ки дарҳои бастаро ба рӯи мардум мекушояд. Гиреҳ аз корашон боз мекунад ва фарёдраси ятимон ва сомондеҳи бозмондагони ҷанг аст."

Барои тақвияти ин гуфтаҳояш Бунёди "Ормоншаҳр" дар торнамои расмии худ навишта, ки Меҳнигор Баҳронова дар замони ҷанги дохилии Тоҷикистон сарпарастии 180 ятимро дар зодгоҳаш водии Рашт ба ӯҳда гирифта ва ятимхонаеро барои онҳо дуруст кардааст: "Ӯ занони бева аз ҷангро дар корхонаи дӯзандагӣ ба кор гирифт ва даромади ҳосилшударо дар хизмати кӯдакон гузошт. Ятимхона маҳалли амне шуд барои зиндагии занон, модарон ва кӯдакони осебдида дар канори ҳам."

Бунёди "Ормоншаҳр" соли 2009 ҷоизаи "Сулҳи Симурғ"-ро таъсис карда ва ҳар дувуним сол баъд як бор аз аҳли ҳунар, фарҳанг, навовариҳои шаҳрвандӣ ки дар заминаи ҳуқуқи башар, сулҳ ва озодӣ таъсиргузоранд, тақдир ба амал меорад. Раҳбари ин бунёд бону Гесу Ҷаҳонгирӣ мебошад.

Ин ҷоиза хоси ҷуғрофиёи бузурги форсизабонон аст, ки дар давраи аввал аз шоирон ва нависандагон қадрдонӣ кард ва дар даври дувум ноширони мустақили китобро ҷоиза дод. Дар даври севум ҳунармандоне аз Афғонистон, Эрон ва Тоҷикистон сазовори ин ҷоиза шудаанд.

Намоиши шарҳҳо

XS
SM
MD
LG