Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Як чархболи Вазорати дифои Тоҷикистон бо мусоид шудани обу ҳаво тавонистааст, ки кумакҳои мавриди ниёзи мардумро ба маҳалли зилзила дар ҷамоати Бартанги ноҳияи Рӯшон бирасонад.

Мақомоти Бадахшон мегӯянд, ки як чархболи ҳомили кумакҳои мавриди ниёзи мардум субҳи ҷумъа ба маҳалли зилзила дар ҷамоати Бартанги ноҳияи Рӯшон расидааст. Аз чанд рӯз ба ин тараф чархболҳои ҳомили кумак ба зарардидагон яке дар маркази ноҳияи Рӯшон ва ду чархболи дигар дар Душанбе ба далели номусоид будани боду ҳаво наметавонистанд ба ҷои ҳодиса бирасанд. Зилзилаи шадиди 7 декабр, ки марказаш наздикии ноҳияи Мурғоб гуфта мешавад, даҳҳо танро дар ҷамоати Бартанг бе сарпаноҳ гузоштааст.

Нилуфар Асламшоева, масъули дафтари матбуоти вилояти Бадахшон, 11 декабр дар сӯҳбат бо Озодӣ гуфт, ки ин кумакҳо аз орд, биринҷ, шакар ва равған иборат буда ва ба сокинони осебдида аз зилзила дар водии Бартанг тақсим карда мешаванд. Ба гуфтаи ӯ, дар ҳоли ҳозир ду чархболи дигари ҳомили кумакҳо омодаи парвоз ба самти Бартанг ҳастанд.

Асламшоева афзуд, раиси вилояти Бадахшон Шодихон Ҷамшед дар водии Бартанг қарор дорад ва таҳти раёсати ӯ амалиёти бартараф кардани оқибатҳои зилзила идома дорад. Сухангӯи ҳукумати вилояти Бадахшон гуфт, чархболҳое, ки ба Бартанг кумакҳоро мебаранд, дар бозгашт афроди осебдидаро ба Ванҷу Хоруғ интиқол медиҳанд.

Рӯзи 7 декабр як заминларзаи шадид Тоҷикистонро такон дод. Ба иттилои Маркази зилзилашиносии Тоҷикистон, маҳалли вуқӯи ин заминларза дар наздикии Мурғоб буда, нерӯяш ба 7-8 дараҷа мерасид. Мақомоти Тоҷикистон мегӯянд, бино ба ҳисобҳои пешакӣ дар пайи ин заминларза ҳудуди 700 хонаи сокинон тахриб шуда, 2 нафар ҳалок ва даҳ тани дигар ҷароҳатҳои гуногун бардоштаанд.

Ин заминларза дар маҷмӯъ манзили беш аз 200 нафарро куллан хароб карда, ба тақрибан 600 хонаи дигар зарар расондааст.​ Қоҳир Расулзода, нахуствазири Тоҷикистон, дар ҷаласаи ҳукумати кишвар, ки 9 декабр баргузор шуд, гуфт, "аз ин ҳисоб 214 хонаи пурра ва 205 хонаи қисман зарардида ба ноҳияи Рӯшон рост меояд."

Аз нимаи моҳи июл бар асари обхезӣ роҳҳо дар аксари навоҳии вилояти Бадахшон хароб шуда, иртибот ба аксари деҳотро аз байн бурд. Масъулин барои кӯмак ба мардуми деҳоти осебдида ва таъмини онҳо бо маводи ғизоӣ, аз чарбол истифода мекарданд. Дар водии Бартанг, ки ба ҷуз ҷамоати Бартанг ду ҷамоати дигар низ аст, беш аз 7 ҳазор аҳолӣ ба сар мебарад. Мардум бинобар надоштани роҳ ҳамеша мушкил доштанд. Сокинони ин водӣ аксаран ба далели баста будани роҳ аз мушкили дастрасӣ ба ғизову хӯрок ва ҳам ба хизматрасонии тиббӣ шикоят мекарданд.

Намоиши шарҳҳо

XS
SM
MD
LG