Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Қуръакашии марҳилаи гурӯҳии Ҷоми AFC-2016 рақибони “Истиқлол”-и Тоҷикистонро маълум кард.

Қуръакашии марҳилаи гурӯҳии Ҷоми AFC-2016 рақибони “Истиқлол”-и Тоҷикистонро маълум намуд. Ба иттилои Федератсияи футболи Тоҷикистон, аз рӯи натоиҷи қуръакашӣ «Истиқлол»-и Душанбе дар гурӯҳи «В» бо дастаҳои «Нафит Ал-Васат»-и Ироқ, «Ал-Файзалӣ»-и Урдун ва ғолиби ҷуфти «Триполи» (Лубнон) – «Олой» (Қирғизистон) рақобат мекунад.

Дар марҳилаи гурӯҳии Ҷоми AFC-2016 ҳамагӣ 32 даста, ки ба ҳашт гурӯҳи иборат аз чаҳордастаӣ тақсим мешаванд, ширкат меварзанд. Аз рӯи натиҷагирии марҳилаи гурӯҳӣ ду дастаи беҳтарин аз ҳар як гурӯҳ ба плей-офф мебароянд. Дастае, ки дар сабқати гурӯҳӣ ҷойи аввалро мегирад, дар бозии даври 1/8 ниҳоӣ рақибашро дар хона қабул мекунад.

Бозиҳои марҳилаи гурӯҳӣ соли оянда дар чунин муҳлатҳо доир мешаванд: 23-24 феврал (даври 1-ум), 8-9 март (даври 2-юм), 15-16 март (даври 3-юм), 12-13 апрел (даври 4-ум), 26-27 апрел (даври 5-ум) ва 10-11 май (даври 6-ум).

Бозиҳои ҳаштякниҳоӣ 24-25 май, чаҳорякниҳоӣ – 13-14 сентябр (бозиҳои аввал) ва 20-21 сентябр (бозиҳои ҷавобӣ), ниманиҳоӣ – 27-28 сентябр (бозиҳои аввал) ва 18-19 октябр (бозиҳои ҷавобӣ), бозии ниҳоӣ бошад, 5 ноябр баргузор мешаванд.

Натоиҷи қуръакашии марҳилаи гурӯҳии Ҷоми AFC-2016:

Минтақаи «Ғарб»

Гурӯҳи «А»: «Ал-Ваҳдат» ё «Ал-Ҷазира» (Урдун), «Ал-Аҳид» (Лубнон), «Олтин Аср» (Туркманистон), ғолиби ҷуфти «Ал-Ҳидд» (Баҳрайн)/«К-Электрик» (Покистон).

Гурӯҳи «В»: «Нафит Ал-Васат» (Ироқ), «Ал-Файзалӣ» (Урдун), «Истиқлол» (Тоҷикистон), ғолиби ҷуфти «Триполи» (Лубнон)/«Олой» (Қирғизистон).

Гурӯҳи «С»: «Ал-Оруба» (Умон), «Эйр Форс» (Ироқ), «Ал-Дҳариа» (Фаластин), «Ал-Ваҳда»/дастаи дувуми Туркманистон.

Гурӯҳи «D»: «Ал-Муҳаррак» (Баҳрайн), «Фанҷа» (Умон), «Ал-Ҷайш» (Сурия), ғолиби ҷуфти «Аҳлӣ Ал-Халил» (Фаластин)/«Хуҷанд» (Тоҷикистон).

Минтақаи «Шарқ»

Гурӯҳи «E»: «Тампинес Роверс» ё «Уорриорс» (Сингапур), «Селангор» (Малайзия), «Серес» (Филиппин), «Шайх Ҷамол Дҳанмондӣ» (Бангладеш).

Гурӯҳи «F»: «Китчӣ» (Ҳонконг), «Балесте Халса» (Сингапур), «Ню Радиант» (Молдив), «Кайя» (Филиппин).

Гурӯҳи «G»: «Моҳун Баган» (Ҳиндустон), «Саут Чайна» (Ҳонконг), «Янгон Юнайтед» ё «Яданарбон» (Мянмар), «Мазия Спорт» (Молдив).

Гурӯҳи «H»: «Ҷоҳор Дарул Таъзим» ё «Паҳанг» (Малайзия), «Бенгалуру» (Ҳиндустон), «Лао Тойота» (Лаос), «Айеявадӣ» (Мянмар).

Тақвими бозиҳои «Истиқлол» дар марҳилаи гурӯҳии Ҷоми AFC-2016 дар гурӯҳи «В» маълум шуд. Қаҳрамони чаҳоркаратаи Тоҷикистон нахустин бозиашро 23 феврали соли оянда дар Варзишгоҳи марказии Душанбе муқобили бошгоҳи «Ал-Файзалӣ»-и Урдун анҷом медиҳад.

Дастаи «Хуҷанд» дар мавриди пирӯзӣ дар бозии плей-офф бар бошгоҳи «Аҳлӣ Ал-Халил»-и Фаластин (9 феврал), дар марҳилаи гурӯҳӣ дар гурӯҳи «D» бо «Ал-Муҳаррак»-и Баҳрайн, «Фанҷа»-и Умон ва «Ал-Ҷайш»-и Сурия рақобат мекунад. Агар «Хуҷанд» ба марҳилаи гурӯҳӣ роҳ ёбад, аввалин бозиашро 24 феврал дар меҳмонӣ бо «Ал-Муҳаррак» анҷом медиҳад.

Ҷоми AFC-2016. Гурӯҳи «В»

Даври 1-ум

23 феврал (сешанбе)

«Истиқлол» (Тоҷикистон) – «Ал-Файзалӣ» (Урдун)

«Нафит Ал-Васат» (Ироқ) – Ғолиби ҷуфти «Триполи» (Лубнон)/«Олой» (Қирғизистон)

Даври 2-юм

8 март (сешанбе)

Ғолиби ҷуфти «Триполи» (Лубнон)/«Олой» (Қирғизистон) –«Истиқлол» (Тоҷикистон)

«Ал-Файзалӣ» (Урдун) – «Нафит Ал-Васат» (Ироқ)

Даври 3-юм

15 март (сешанбе)

Ғолиби ҷуфти «Триполи» (Лубнон)/«Олой» (Қирғизистон) – «Ал-Файзалӣ» (Урдун)

«Нафит Ал-Васат» (Ироқ) – «Истиқлол» (Тоҷикистон)

Даври 4-ум

12 апрел (сешанбе)

«Истиқлол» (Тоҷикистон) – «Нафит Ал-Васат» (Ироқ)

«Ал-Файзалӣ» (Урдун) – Ғолиби ҷуфти «Триполи» (Лубнон)/«Олой» (Қирғизистон)

Даври 5-ум

26 апрел (сешанбе)

«Ал-Файзалӣ» (Урдун) – «Истиқлол» (Тоҷикистон)

Ғолиби ҷуфти «Триполи» (Лубнон)/«Олой» (Қирғизистон) – «Нафит Ал-Васат» (Ироқ)

Даври 6-ум

10 май (сешанбе)

«Истиқлол» (Тоҷикистон) – Ғолиби ҷуфти «Триполи» (Лубнон)/«Олой» (Қирғизистон)

«Нафит Ал-Васат» (Ироқ) – «Ал-Файзалӣ» (Урдун)

Гурӯҳи «D»

Даври 1-ум

24 феврал (чоршанбе)

«Ал-Муҳаррак» (Баҳрайн) – Ғолиби ҷуфти «Аҳлӣ Ал-Халил» (Фаластин)/«Хуҷанд» (Тоҷикистон)

«Ал-Ҷайш» (Сурия) – «Фанҷа» (Умон)

Даври 2-юм

9 март (чоршанбе)

Ғолиби ҷуфти «Аҳлӣ Ал-Халил» (Фаластин)/«Хуҷанд» (Тоҷикистон) – «Ал-Ҷайш» (Сурия)

«Фанҷа» (Умон) – «Ал-Муҳаррак» (Баҳрайн)

Даври 3-юм

16 март (чоршанбе)

Ғолиби ҷуфти «Аҳлӣ Ал-Халил» (Фаластин)/«Хуҷанд» (Тоҷикистон) – «Фанҷа» (Умон)

«Ал-Муҳаррак» (Баҳрайн) – «Ал-Ҷайш» (Сурия)

Даври 4-ум

13 апрел (чоршанбе)

«Фанҷа» (Умон) – Ғолиби ҷуфти «Аҳлӣ Ал-Халил» (Фаластин)/«Хуҷанд» (Тоҷикистон)

«Ал-Ҷайш» (Сурия) – «Ал-Муҳаррак» (Баҳрайн)

Даври 5-ум

27 апрел (чоршанбе)

Ғолиби ҷуфти «Аҳлӣ Ал-Халил» (Фаластин)/«Хуҷанд» (Тоҷикистон) – «Ал-Муҳаррак» (Баҳрайн)

«Фанҷа» (Умон) – «Ал-Ҷайш» (Сурия)

Даври 6-ум

11 май (чоршанбе)

«Ал-Ҷайш» (Сурия) – Ғолиби ҷуфти «Аҳлӣ Ал-Халил» (Фаластин)/«Хуҷанд» (Тоҷикистон)

«Ал-Муҳаррак» (Баҳрайн) – «Фанҷа» (Умон)

Намоиши шарҳҳо

XS
SM
MD
LG