Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Аз Қирғизистон 500 нафар дар Сурия қарор доранд


Аз Қирғизистон 500 нафар дар сафи созмонҳои террористии байналмиллалӣ дар Сурия қарор доранд, ки аз онҳо 122 нафарашон занон мебошанд.

Дар ин бора Индира Ҷолдубоева-додситони кулли Қирғизистон дар Сочӣ дар 7-мин конфронси минтақаии анҷумани байналмиллалии додситонҳо гузориш дод. Дар ин конфронс додситонҳои кишварҳои Аврупои марказиву шарқӣ ва кишварҳои Осиёи Марказӣ ширкат доранд.

Ҷолдубоева ҳамчунин гуфт, ки дар қаламрави Қирғизистон низ як силсила гурӯҳҳои ифротиву террористӣ фаъолият мекунанд ва аъзои онҳо ба созмони террористии Давлати Исломӣ байъат кардаанд.

Барои ширкат дар фаъолиятҳои ифротгароиву террористӣ 150 нафар маҳкум ба зиндон шудаанд. 60 нафари дигар дар ҷустуҷӯ қарор доранд.

Дар Қирқизистон се роҳи пинҳонии фиристодани одамон ба Туркия ва аз он ҷо ба Сурия ифшо шудааст. Ҷолдубоева гуфтааст, ки ҳоло дар ин кишвар 2 ҳазор нафар аъзои гурӯҳҳои тундгаро ва террористӣ сабти ном шудаанд.

XS
SM
MD
LG