Пайвандҳои дастрасӣ

Русия сохтмони нерӯгоҳи ҳастаиро дар Туркия "қатъ кард"


Ба иттилои мақомоти туркӣ, Русия бархилофи қарордоди байнидавлатӣ сохтмони нахустин нерӯгоҳи ҳастаиро дар Туркия қатъ кардааст.

Муносибати миёни ду кишвар баъд аз саранагун кардани ҳавопаймои низомии Русия дар минтақаи марзии миёни Сурия ва Туркия дар таърихи 24 ноябр бад шуданд ва Москва зидди Туркия таҳрим ҷорӣ кард.

Намояндагони ҳукумати Туркия бидуни зикри номи худ ба хабаргузориҳо гуфтаанд, ки ширкати «Росатом» аз иҷрои қарордоди сохтмони нерӯгоҳи ҳастаӣ дар наздикии шаҳри Аккую даст накашидааст ва бо дили нохоҳам ин мавзӯъро баррасӣ мекунад. Зеро барои қатъи иҷрои қарордод пардохти ҷубронпулии бузурге пешбинӣ шудааст. Намояндагони мақомоти Туркия ҳамчунин гуфтаанд, ки барои иҷрои ин тарҳи 20-миллиардӣ номзади дигар меҷӯянд.

Муовини мудири кулли ширкати «Аккую» Олег Титов хабари қатъи корҳои сохтмониро рад кард ва изҳор дошт, ки «сохтмон тибқи нақша идома дорад». Соли 2013 ширкати «Росатом» барои сохтани чаҳор реактори ин нерӯгоҳ бо зарфияти 1200 мегаватт супориш гирифт. Сохтмон дар моҳи апрел оғоз шуд ва ширкат ваъда дода буд, ки нахустин чархаи ин нерӯгоҳи ҳастаӣ соли 2019 ба истифода дода мешавад.

XS
SM
MD
LG