Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Тифли Амрибегим дар рӯзи заминҷунбӣ ба дунё омад


Акс аз бойгонӣ

Акс аз бойгонӣ

Вазорати тандурустиии Тоҷикистон мегӯяд, саломатии кӯдаки навзоде, ки дар замони заминларзаи 7 декабр пеш аз муҳлати муқаррарӣ ба дунё омадааст, хуб буда ва таҳти назорати пизишкон қарор дорад. Наврӯз Ҷаъфаров, муовини аввали вазири тандурустӣ, 10 декабр ба Озодӣ гуфт, шаби заминларзаи 7 декабр вақте Амрибегим Одинаеваи ҳомила ба берун мебарояд санги калон ба пояш бармехӯрад. "Дар натиҷа пойи ин сокини деҳаи Басити ҷамоати Бартанг шикаста ва аз тарс дарди зоиш хуруҷ намудааст," -- гуфт ӯ.

Наврӯз Ҷаъфаров, ки ҳамроҳи гурӯҳи мутахассисони Вазорати тандурустии Тоҷикистон дар минтақаи Бартанги вилояти Бадахшон қарор дорад, мегӯяд, ҳоло вазъи саломатии 8 сокини деҳоти ин ҷамоат хуб набуда ва бояд дар зудтарин фурсат ба маркази ноҳияи Рӯшон интиқол дода шаванд. Вай гуфт, дар шароити ҳавои сард мумкин аст ба сокинони минтақаҳои аз заминларза осебдида, бахусус, хурдсолон сармохӯрдагӣ асар кунад.

Зӯҳри 7 декабри соли ҷорӣ дар Тоҷикистон заминларза рух дода, нерӯи он дар маркази заминларза дар ноҳияи Мурғоби вилояти Бадахшон 7,2 дараҷаи Рихтерро ташкил дод. Тибқи иттилои пешакӣ, бар асари ин заминларза 2 нафар кушта, даҳҳо тан захмӣ ва беш аз 800 манзил пурра ва қисман хароб шудааст. Бештари хисорот ба водии Бартанги ноҳияи Рӯшони вилояти Бадахшон ворид гардидааст.

XS
SM
MD
LG