Пайвандҳои дастрасӣ

ТАСС аз ҳамкории ду мақоми афғон бо ДИИШ хабар дод


Хабаргузории русии "ТАСС" бо такя ба манобеи худ гуфтааст, ки чархболҳои низомии ҳукумати Афғонистон ҷангиёни "Давлати исломӣ"-ро ба марзҳои Тоҷикистону Туркманистон интиқол медиҳанд.

Хабаргузории русии "ТАСС" рӯзи 9 декабр гуфт, ки чархболҳои низомии Ми-17-и ҳукумати Афғонистон барои интиқоли ҷангиёни гурӯҳи "Давлати исломӣ" ба марзҳои Тоҷикистон ва Туркманистон истифода мешаванд. Хабаргузорӣ бо такя ба манобеи худ навиштааст, ба амалиёти интиқоли ҷангиён ба сарҳади ду кишвари Осиёи Марказӣ Маъсум Станакзай - сарпарасти Вазорати дифоъ ва Ҳаниф Атмар - мушовири умури амниятии раисиҷумҳури Афғонистон "ба дастури бритониёиҳо" раҳбарӣ мекунанд.

Ҷузъиёти бештаре дар ин бора то ҳол дар даст нест ва сафорати Афғонистон дар Душанбе низ гуфт, ин мавзӯъро наметавонад шарҳ диҳад.

Аммо ин хабари "ТАСС" идомаи ҷанҷолест, ки ҳоло дар Афғонистон ҷараён дорад ва бархе аз мақомҳои он кишвар якдигарро барои ҳамкорӣ бо гурӯҳи тундрави "Давлати исломӣ" муттаҳам мекунанд. Аз ҷумла, рӯзи 2 декабри соли ҷорӣ Абдулзоҳир Қадир, муовини аввали раиси парлумони Афғонистон дар ҳоле ки навореро дар даст дошт, иддао кард, ки агар дар ин маврид ифшогарӣ кунад, Афғонистон ба мушкили ҷиддии амниятӣ рӯ ба рӯ мешавад.

Ӯ бо ишора ба баъзе аз мақомоти амниятии кишвараш гуфт, ки онҳо зери номи дифоъ аз ҳукумат "ғайримустақим дар бесуботии ин кишвар даст доранд". Абдулзоҳир Қадир гуфт, "мардум мегӯянд, Ҳоҷӣ Қадир аснод надорад, ки ироа кунад. Ҳоҷӣ Қадир ташвиш дорад. Агар аснодро ироа кунад, ҳукумати Афғонистон суқут мекунад ва суқути ҳукуматро намефаҳмем."

Абдулзоҳир Қадир сӯҳбаташро дар парлумон идома дод ва иддао кард, ки "аксар масъулону қумандонҳои “Давлати исломӣ” дар Кобул зиндагӣ мекунанд." Ҳоло ҳукумати Афғонистон барои расидагӣ ба ин гуфтаҳои муовини аввали раиси парлумони он кишвар кумисюнеро ташкил кардааст. Вале худи Абдулзоҳир Қадир ин кумисюнро қабул надорад ва мегӯяд, бо онҳо замоне ҳамкорӣ мекунад, ки масъулияти Ҳаниф Атмар - мушовири умури амниятии раисиҷумҳури Афғонистон боздошта шавад.

Нилӣ Содиқизода, намояндаи парлумони Афғонистон 10 декабр дар сӯҳбат бо Радиои Озодӣ гуфт, ки Абдулзоҳир Қадир бояд асноди худро дар ҷаласаи парлумон нишон диҳад. Ин кор беҳтар аз он хоҳад буд, ки маводи вай расонаӣ шавад ва нигарониҳои байналмиллалиро ба бор орад. “Шояд зери коса нимкосаҳое бошад, дастҳое бошад, муомилоте бошад. Мо ҳеч чизро рад карда наметавонем. Барои ҳамин, ҳоло тақозо дорем, ки ҷонибҳо аз хунсардӣ кор бигиранд, то ташвиш зиёд нашавад,” – гуфт Содиқзода.

Бо вуҷуди он ки аз изҳороти Абдулзоҳир Қадир дар парлумон беш аз як ҳафта мегузарад, вале ниҳодҳои амниятии Афғонистон аз додани тавзеҳот дар ин бора ва аз изҳори назар бо рӯзноманигорон худдорӣ мекунанд.

Дар ҳамин ҳол, масъулони Вазорати дифои Тоҷикистон гуфтанд, ки на фақат дар мавриди ҳузури ҷангиёни гурӯҳи ифротии “Давлати исломӣ”, балки ҷангиёни гурӯҳи Толибон ва гурӯҳҳои дигари террористие ба мисли Ҷунбиши Исломии Узбакистон дар манотиқи ҳаммарз бо Тоҷикистони Афғонистон маълумот вуҷуд дорад.

Фаридун Маҳмадалиев, сухангӯи ин вазорат, 10 декабр ба Озодӣ гуфт, ба далели муқобала ба ҳамлаи ногаҳонии ин гурӯҳҳо ба хоки Тоҷикистон марзи кишвар бо Афғонистон таҳким шуда ва дар хатти дуюми ҳимояи марз ҷузъу томҳо, техникаи ҷангӣ ва чархболҳои низомии Вазорати дифои Тоҷикистон ҷой гирифтаанд. Ӯ гуфт, ин нерӯҳо дар ҳолати омодабоши доимӣ қарор дошта ва дар ҳолати зарурӣ зуд ба кумаки нерӯҳои марзбони Тоҷикистон хоҳанд рафт.

Тоҷикистон бо Афғонистон 1400 километр марзи мустақим дорад, ки рӯи рӯди Омӯ мегузарад ва ба далели релефи мураккаби ҷуғрофӣ ҳифозаташ мушкил аст. Масъулияти ҳифозати ин марзи тӯлониро аз соли 2005 ба ин сӯ худи марзбонони тоҷик бар ӯҳда доранд.

XS
SM
MD
LG