Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Омодагии мунтахаби ҷавонони Тоҷикистон ба Ҷоми Иттиҳод-2016


Мунтахаби ҷавонони футболи Тоҷикистон омодагиро ба Ҷоми Иттиҳод-2016 рӯзи19 декабр шурӯъ мекунад.

Дастаи мунтахаби ҷавонони футболи Тоҷикистон, ки аз ҳисоби бозигарони синашон то 22-сола ташкил ёфтааст, омодагиро ба мусобиқаи XXIV байналмилалии “Ҷоми Иттиҳод-2016” рӯзи 19 декабр, шурӯъ хоҳад кард.

Ба рӯйхати васеи мунтахаби ҷавонон 31 бозигар – 4 дарвозабон, 8 ҳимоятгар, 13 нимҳимоятгар ва 6 ҳамлагар - дохиланд. 23 нафари онҳо, аз он ҷумла 3 дарвозабон, барои аввалин бор ба ҷамъомади таълимиву тамринии дастаи мунтахаби ҷавонон даъват шудаанд.

Ба иттилои Роман Пилипчук, сармураббии мунтахаби ҷавонони Тоҷикистон (U-22), даста пеш аз Ҷоми Иттиҳод-2016 дар шаҳри Санкт-Петербурги Русия ду ҷамъомади таълимиву тамринӣ – аз 19 то 30 декабр ва аз 2 то 14 январ анҷом медиҳад.

Дар Ҷоми Иттиҳод-2016, ки аз 16 то 24 январ дар Санкт-Петербург баргузор мешавад, ҳамагӣ 8 дастаи мунтахаби ҷавонон ширкат меварзад (солҳои пеш 12 даста иштирок мекард). Ба мусобиқа бозигарони соли таваллудашон на аз 1994 боло роҳ дода мешаванд. Барои ба даст овардани Ҷоми Иттиҳод-2016 дастаҳои мунтахаби ҷавонони Беларус, Қазоқистон, Қирғизистон, Литва, Молдова, Русия, Тоҷикистон ва Эстония мубориза мебаранд.

Ҳайати васеи мунтахаби ҷавонони Тоҷикистон (U-22):

Дарвозабонҳо: Эмомалӣ Сониев («Барқи тоҷик»), Фатҳулло Бобоев («Далерон-Ӯротеппа»), Шаҳром Исмоилов, Беҳрӯз Хайриев (ҳарду – «Вахш»);

Ҳимоятгарон: Ойбек Абдуғаффоров, Бахтиёр Азимов, Алишер Шарифов (ҳама– «Регар-ТадАЗ»), Соҳиб Ҳакимов («Хуҷанд»), Фирдавс Чақалов (ССКА «Помир»), Саидхони Амрохон («Равшан»), Алишер Сафаров, Қувватбек Равшанбеков (ҳарду – «Вахш»);

Нимҳимоятгарон: Парвизҷон Умарбоев, Ромиш Ҷалилов («Истиқлол»), Фаридун Шарифов, Абдулло Саидов, Фирӯз Қараев, Нозим Бобоҷонов (ҳама – «Регар-ТадАЗ»), Вайсиддин Сафаров («Барқи тоҷик»), Ҷаҳонгир Алиев («Хуҷанд»), Эҳсони Панҷшанбе («Вахш»), Мӯҳсин Парпиев, Парвиз Ҳамидов (ҳарду — «Хайр»), Сайёди Ковусшо (ССКА «Помир»), Амирбек Ҷӯрабоев (бе бошгоҳ);

Ҳамлагарон: Комрон Турсунов («Регар-ТадАЗ»), Ҷаҳонгир Эргашев («Хуҷанд»), Меҳроҷиддин Музаффаров («Хайр»), Фирӯз Раҳматов («Барқи тоҷик»), Бузургмеҳр Раҳмоналиев (ССКА «Помир»), Абдурасул Раҳмонов («Равшан»).

Ёдовар мешавем, мунтахаби ҷавонони Тоҷикистон (U-21) бо раҳбарии сармураббӣ Алишер Тухтаев соли гузашта дар мусобиқаи XXIII байналмилалии “Ҷоми Иттиҳод-2015” дар байни 12 даста дар ҷойи 8-ум қарор гирифт ва аз тимҳои Молдова, Латвия, Литва ва Эстония пеш гузашт. Футболбозони ҷавони тоҷик аз 6 бозӣ дар дутоаш бар тимҳои Қазоқистон (1-0) ва Литва (2-1) пирӯз шуда, дар чор бозӣ аз дастаҳои Ҷумҳурии Африқои Ҷанубӣ (1-3), Туркманистон (0-2), Қирғизистон (1-3) ва Қазоқистон (0-2) шикаст хӯрданд. Таносуби тӯбҳои мунтахаби ҷавонони Тоҷикистон 5-11 буд.

XS
SM
MD
LG