Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Изҳороти Шариф ва Ғанӣ дар "Қалби Осиё"


Ашраф Ғанӣ ва Навоз Шариф
Ашраф Ғанӣ ва Навоз Шариф

Ашраф Ғанӣ-раиси ҷумҳури Афғонистон ва Навоз Шариф-нахуствазири Покистон дар пасманзари муносибатҳои мутташанниҷи миёни ду кишвар аз мавзеъгириҳои худ дар як конфронси минтақаӣ дар Исломобод ба таври ҷиддӣ дифоъ карданд.

Навоз Шариф мизбони ин конфронси минтақаии солона мебошад, ки мехоҳад ҳимояти кишварҳои минтақаро аз Афғонистон ҷалб кунад.

Ашраф Ғанӣ-раиси ҷумҳури Афғонистон дар ин конфронс гуфт, “душманони Афғонистон талош доштанд, ин кишварро тақсим кунанд, вале тири онҳо хок хӯрд”. Вай дар ин кор гурӯҳҳои террористии байналмиллалӣ ва минтақаиро гунаҳгор кард. Кобул даъво мекунад, ки Покистон аз Толибон ҳимоят мекунад.

Навоз Шариф-нахуствазири Покистон гуфт, ки Исломобод ҳамчунон ба уҳдадориҳои худ барои таъмини раванди оштӣ дар Афғонистон содиқ хоҳад монд.

XS
SM
MD
LG