Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Чархболҳои Русия кумакҳоро ба Бадахшон мебарад


Чархболҳои пойгоҳи инизомии 201-и Русия мустақар дар Тоҷикистон ба рустоҳои вилояти Бадахшони Тоҷикистон кӯмакҳои башарӣ мерасонанд. Ин кӯмакҳо ба осебдидагони заминларзаи 7 декабр таллуқ дорад. Дар ин бора пойгоҳи мазкур ба матбуот хабар додааст. Ба ин кӯмакҳо маводи ғизоӣ, либоси гарм ва дору дохил мешавад.

Пойгоҳи 201-и Русия дар Тоҷикистон бузургтарин пойгоҳи низомии Русия берун аз қаламрави кишварш ба шумор меравад.

Бино ба хабари Интерфакс, моҳи сентябри соли ҷорӣ ин пойгоҳ бо чархболҳо тақвият ёфт. Чархболҳои мазкур дар фурудгоҳи низомии “Айнӣ” ҷойгир шудаанд.

Се сол пеш Русия бо Тоҷикистон қарордоди низомӣ имзо карда буд, ки тибқи он ин пойгоҳи низомии Русия ҳақ дорад то соли 2042 дар қаламрави Тоҷикистон бимонад.

XS
SM
MD
LG