Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Раиси шӯрои муҷозотӣ ва муовини раҳбари бахши агентии хидмати давлатӣ ва пешгирӣ аз фасодкорӣ дар вилояти Қазоқистони Ғарбӣ (ВҚҒ) Нурлан Суюнбаев «бо хоҳиши худ» аз кор рафтааст.

Як видео дар Интернет сабаби истеъфои Суюнбоев шуд. Дар он мансабдор дар ҳоле дида мешавад, ки ҳангоми тафтиши бозрасони роҳ ба ҷои шаҳодатномаи ронандагӣ ҳуҷҷати давлатии худро нишон додааст.

Ин воқеа ҳангоми амалиёте рӯй додааст, ки пулиси роҳ истифодаи мошинҳои давлатиро бо мақсадҳои шахсӣ тафтиш мекард.

Пештар маркази матбуотии бахши хидмати давлатӣ ва пешгирӣ аз фасодкории вилояти Қазоқистони Ғарбӣ хабар дода буд, ки Нурлан Суюнбоев ҳангоми амалиёти пулиси роҳ паси фармони мошини шахсиаш буд.

XS
SM
MD
LG