Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Русия ҷаъбаи сиёҳи ҳавопайморо пайдо кардааст


Ҷаъбаи сиёҳи ҳавопаймои низомии СУ-24
Ҷаъбаи сиёҳи ҳавопаймои низомии СУ-24

Владимир Путин-раиси ҷумҳури Русия гуфт, ки кишвараш ҷаъбаи сиёҳи ҳавопаймои низомии задашударо пайдо кардааст ва аз коршиносони хориҷӣ хоҳад хост, то дар омӯзиши он кӯмак кунанд.

Ин ҳавопайморо моҳи гузашта Туркия сарнагун карда буд. Путин ба Сергей Шойгу-вазири дифои Русия гуфт, “ман аз шумо хоҳиш мекунам, ки онро муддате боз накунед. Онро фақат бо коршиносони хориҷӣ боз кунед. Ҳама чиз бояд ҳамаҷониба ҳуҷҷат карда шавад.”

Шойгу гуфт, минтақае, ки ҳавопаймои низомии Русия дар он ҷо 24 ноябр суқут карда буд, ҳоло аз тарафи нируҳои вижаи Сурия аз контроли шӯришиён озод карда шудаст ва ба нируҳои вижа муяссар шудааст, ки ҷаъбаи сиёҳро пайдо кунанд.

Путин гуфт, ҷаъбаи сиёҳ имкон хоҳад дод, то дар баҳсҳои миёни Маскав ва Анкара дар бораи задани ҳавопаймо рӯшанӣ андохта шавад.

XS
SM
MD
LG