Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

“Наҷоти кӯдакон”-барандаи ҷоизаи ҳуқуқи башар


Созмони "Наҷоти кӯдакон" умдатан ба кӯдакони ятиму бепасрастор кумак кардааст

Созмони "Наҷоти кӯдакон" умдатан ба кӯдакони ятиму бепасрастор кумак кардааст

Ба созмони ҷамъиятии “Наҷоти кӯдакон” ҷоизаи “Саҳми фаъоли созмон дар беҳбуди ҳуқуқи башар”-и Бюрои ҳуқуқи башари Тоҷикистон тақдим шудааст.

Ба созмони ҷамъиятии “Наҷоти кӯдакон” ҷоизаи “Саҳми фаъоли созмон дар беҳбуди ҳуқуқи башар”-и Бюрои ҳуқуқи башари Тоҷикистон тақдим шудааст. Ба гуфтаи Наргис Зокирова, раиси Бюрои ҳуқуқи башари Тоҷикистон, ин созмон, ки дар минтақаи Кӯлоби вилояти Хатлон фаъолият мекунад, дар муқобила бо хушунату зӯроварӣ дар хонавода ва дифоъ аз ҳуқуқи занҳо саҳми муҳим доштааст.

Қурбонгул Қосимова, раиси созмони “Наҷоти кӯдакон”, рӯзи чоршанбеи 9 декабр ба Радиои Озодӣ гуфт, ин созмон дар соли 1993 аз ҷониби 5 зане, ки дар ҷараёни ҷанги дохилӣ шавҳар ё наздикони худро аз даст дода ва фарзандони ятим доштанд, таъсис шуда буд.

Хонуми Қосимова гуфт: “Дар зарфи 22 соли фаъолият ин созмон нахуст аз ҳуқуқи кӯдакони ятим ва занҳои бесаробон ҳимоят карда, бо мусоидати молии созмонҳои хайрияи байналмилалӣ ба занҳои беваи кӯдакони ятимдор кумак кард. Дар солҳои ахир барои мусоидат дар ҳалли мушкилоти зӯроварӣ дар оила, ҷалби духтарон ба мактаб ва ҷилавгирӣ аз никоҳи барвақтӣ талош кардаем. Ҳамчунин, ба модароне, ки фарзандонашон ба муҳоҷирати корӣ рафта ва бедарак шудаанд, дар ҷустуҷӯи онҳо аз роҳҳои мухталиф, аз ҷумла, тавассути шабакаи Интернет кумак мекунем”.

Гуфта мешавад, дар ин созмон театри лӯхтаки “Хуршед” фаъолият карда, ҳунарпешаҳо ва муаллифони намоишномаҳо бачаҳою духтарони синфҳои 6 ва 7 будаанд. Мавзӯъи намоишномаҳоро низ на афсонаҳои қадимӣ, балки мушкилоти рӯз, назири аз мактаб дур мондани духтарон ва никоҳҳои барвақтӣ ташкил медиҳанд.

Зимнан, созмони ҷамъиятии “Наҷоти кӯдакон” дар соли 2007 бо пуштибонии Созмони Амнияту Ҳамкории Аврупо дар бинои Маркази фарҳангии “Сафобахш” дар шаҳри Кӯлоб Маркази занҳо таъсис карда, ба занҳои осебпазиру аз хушунати хонаводагӣ ҷабрдида кумакҳои тиббию равонӣ ва иҷтимоӣ ироа мекунад.

Дар канори ин созмон Бюрои ҳуқуқи башари Тоҷикистон ба Асадулло Зикрихудоев, раҳбари ҷамъияти маъюбони “Имконият”-и шаҳри Душанбе барои хидматҳояш дар дифоъ аз ҳуқуқи маъюбон ва беҳбуди вазъи ҳуқуқии ин афрод, ҷоизаи “Беҳтарин мудофеъи ҳуқуқи башари сол”-ро эъто кард.

Ҳамчунин, Нуриддин Қаршибоев, раҳбари Анҷумани миллии васоити ахбори мустақили Тоҷикистон барои саҳми бузургаш дар беҳбуди вазъи озодии баён ва ҳимоят аз ҳуқуқи рӯзноманигорон ба ҷоизаи “Барои мавқеъи фаъоли шаҳрвандӣ дар журналистика”-и Бюрои ҳуқуқи башари Тоҷикистон сазовор гардидааст.

Бюрои ҳуқуқи башари Тоҷикистон шурӯъ аз соли 2009 бо пуштибонии молии Сафорати Амрико дар шаҳри Душанбе ҳамасола ҷоизаи “Беҳтарин мудофеъи ҳуқуқи башари сол”-ро ба донишмандон, чеҳраҳои сиёсию иҷтимоӣ, рӯзноманигорон, намояндагони созмонҳои дифоъ аз ҳуқуқи башар дар ин кишвар эъто мекунад.

Ба гуфтаи Наргис Зокирова, раҳбари ин созмон, ҳадаф аз эътои ин ҷоиза қадрдонӣ аз фаъолияти душвори мудофеони ҳуқуқи башар ва созмонҳои дифоъ аз ҳуқуқи башар маҳсуб мешавад.

Дар солҳои қаблӣ, созмони дифоъ аз ҳуқуқи башари “Ампаро”, Ҷамъияти ҳуқуқшиносҳои Помир, созмони “Ҳуқуқ ва шукуфоӣ”, хабарнигорон Рамзия Мирзобекова, Анора Саркорова, ҳуқудонҳо Шӯҳрат Қудратов ва Ойниҳол Бобоназарова ҷоизаи Бюрои ҳуқуқи башари Тоҷикистонро дарёфт кардаанд.

Машваратдодашуда

XS
SM
MD
LG