Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Конгресс маҳдудиятҳои нави сафар ба Амрикоро тасвиб кард


Маҷлиси намояндагони Амрико маҳдудиятҳои навро барои кишварҳое, ки шаҳрвандонашон метавонанд бидуни виза ба он кишвар сафар кунанд, тасвиб кардааст.

Конгресс ё Маҷлиси намояндагони Амрико маҳдудиятҳои навро барои кишварҳое, ки шаҳрвандонашон метавонанд бидуни виза ба он кишвар сафар кунанд, тасвиб кардааст. Тарҳи нав дар пайи ҳамлаҳои маргбори Порис, ки гурӯҳи "Давлати исломӣ" масъулияти онро ба ӯҳда гирифт, матраҳ шуд. Амрико бо 38 кишвари ҷаҳон, аз ҷумла бисёре аз кишварҳои аврупоӣ, низоми мусофирати бидуни виза дорад.

Тарҳи нав аз ин 38 кишвар мехоҳад то маълумоти худ дар мавриди касонеро, ки гумонбар ба анҷом додани амалиёти террористӣ ҳастанд, дар ихтиёри Амрико гузорад. Бар асоси ин қонуни нав, шаҳрвандони ин 38 кишвар вазифадор мешаванд, ки гузарномаҳои дорои маълумоти биометрӣ дошта бошанд. Гузарномаҳое, ки маълумоти соҳиби пасспорт ба таври рақамӣ ё диҷиталӣ дар онҳо вуҷуд дорад.

Ба гузориши хабаргузории Ройтерз, ин тарҳ вуруди бидуни раводиди касоне, ки тайи панҷ соли гузашта ба кишварҳое монанди Эрон, Судон, Сурия ва Ироқ сафар карда бошандро низ лағв мекунад. Амрико бархе аз ин кишварҳоро ҳомии терроризм медонад.

Наздик ба 20 миллион нафар ҳар сол аз кишварҳои соҳиби имкони сафари бидуни раводид ба Иёлоти Муттаҳидаи Амрико мераванд. Онҳо метавонанд 90 рӯзро бидуни виза дар Амрико сипарӣ кунанд.

Ин тарҳро бояд Сенат ҳам тасвиб кунад ва барои амалӣ шудан раисиҷумҳур низ онро имзо кунад. Вале ин тарҳ дар баробари ҷонибдоронаш мухолифони худро дорад. Аз ҷумла, Шӯрои миллии эронӣ-амрикоиҳо ин тарҳи навро табъизомез дониста, ки дар айни ҳол дар пайи ҷамъоварии имзо барои додхоҳӣ алайҳи он аст.

XS
SM
MD
LG