Пайвандҳои дастрасӣ

Таъини муовинони раиси Бонки миллии Қазоқистон


Бо фармони президенти Қазоқистон Нурсултон Назарбоев Алписбой Ахметов ва Галимҷон Пирматов 7 декабр муовинони раиси Бонки миллии Қазоқистон таъйин шуданд.

Галимҷон Пирматов то ин замон роҳбарии ширкати «Камеко Қазоқистон»-ро бар дӯш дошт. Қаблан вай ноиб-президенти ширкати миллии «Қазоқтомпром» буда, пеш аз он дар вазифаҳои масъули давлатӣ кор кардааст.

Алписбой Ахметов то замони муовини раиси бонк таъйин шуданаш дар Бонки миллӣ фаъолият дошт.

Алписбой Ахметов ва Галимҷон Пирматов дар ҷойи муовинони сабукдӯшшудаи раиси Бонки миллӣ Нурлан Қусаинов ва Куат Кожахметов таъйин шуданд.

2 ноябри соли ҷорӣ Дониёр Акишев раиси Бонки миллии он кишвар таъйин шуд. Акишев дар ин мақом Кайрат Келимбетовро иваз кард.

Видеоҳои охирин

Ба мо нависед

Хабару акс ва видеоҳои худро аз тариқи IMO, Вайбер ва Вотсапп ба ин шумораи мо фиристед: +420 724 053 959

XS
SM
MD
LG