Пайвандҳои дастрасӣ

Пентагон «муътақид» аст, ки ҳавопаймоҳои бомбаандози Русия ба урдугоҳи артиши Сурия дар шаҳри Дайр-уз-Зуҳур ҳамла кардаанд.

Дар ин бора як намояндаи баландмақоми вазорати дифои ИМА, ки нахост номаш зикр шавад, хабар дод.

Қаблан Димишқ эътилофи низомиеро, ки ИМА роҳбарӣ мекунад, айбдор кард, ки шаби якшанбе ба урдугоҳи ҳарбӣ ҳамла кардааст. Дар натиҷаи ин ҳамла 3 низомии Сурия кушта ва 13 нафари дигар захмӣ шудаанд.

ИМА ин иттиҳомро рад карда, изҳор дошт, ки ҳавопаймоҳои эътилоф ба чоҳҳои нафт, ки зери назорати гурӯҳи ДИ қарор доранд, 4 зарбаи ҳавоӣ задаанд. Ин чоҳҳо дар 55 километрии урдугоҳи низомии Сурия ҷойгир будаанд.

Манбаи хабар аз Пентагон гуфт, ба нишондоди радарҳо ҳавопаймоҳои бомбаандози русии Ту-22 ба урдугоҳи ҳарбӣ ҳамла кардаанд.

XS
SM
MD
LG