Пайвандҳои дастрасӣ

Корномаи Алишер Латифзода


Оҳангсози тоҷики муқими Амрико Алишер Латифзода моҳи декабри соли 2015 устоди фанни композитсия ва назарияи мусиқии Академияи мусиқии шаҳри Сан-Франсиско таъйин шуд. Латифзода 53 сол дошта, муаллифи садҳо асари мусиқӣ дар жанрҳои симфония, мусиқии инструменталӣ, мусиқии камеравӣ ва дигарҳо мебошад. Узви Иттифоқи оҳангсозони Тоҷикистон ва Ӯзбакистон аст. Соли 2000 ба Ҷамъияти амрикоии оҳангсозон, муаллифон ва ноширон қабул шуда, аз соли 2007 дар ҳайати Академияи байналмилалии салтанатии милали муттаҳид кор мекунад.

Оҳангсоз ва омӯзгори мусиқӣ, мутахассиси жанрҳои симфония, мусиқии инструменталӣ, камеравӣ ва театриву вокалӣ аст, ки дар солҳои мухталиф дар саҳнаҳои консертии Тошканд, Бишкек, Маскав, Париж, Ню-Йорк ва шаҳрҳои дигар иҷро шудааст. Муаллифи асарҳои симфонии “Тоҳир ва Зӯҳро”, “Манас”, “Китоби дарвеш”, “Толеранс”, “Чорзарб”, “Фиғон”, “Найоҳанг” ва дигарҳо аст. Оҳангҳои Латифзода дар саҳнаҳои консертии ИМА, Шветсия, Чин, Русия ва Қазоқистон иҷро мешаванд.

Асосан барои оркестрҳои симфониву камеравӣ, гурӯҳҳои милии классикии тоҷикиву форсӣ, ҳиндиву чинӣ бо истифодаи фортепиано, виолончел, скрипка ва асбобҳои дигар иҷро мешаванд. Оиладор, соҳиби як писару духтар аст.

XS
SM
MD
LG