Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

​Мақомоти Тоҷикистон мегӯянд, ки ҳарчанд маҳаллаҳои атрофи Сарез аз заминларза осеб дидаанд, аммо вазъи худи кӯл муътадил аст.

Ҳукумати Тоҷикистон барои дақиқ кардани зиёни заминларзаи 7 декабр ба маҳалли кӯли Сарез, ки дар масофаи беш аз 100-километрии шаҳри Хоруғ воқеъ аст, як кумиссиюни вижаро сафарбар кардааст. Нозим Орифов -- сухангӯи Кумитаи ҳолатҳои фавқулодаи Тоҷикистон 8 декабр дар суҳбат бо Озодӣ гуфт, ки ҳайати ин кумиссиюн ҳанӯз дар роҳанд ва баъди расидан ба маҳалли кӯли Сарез боздид ва хулосаҳои худро баён хоҳанд кард.

Мавзӯи кӯли Сарез дар ҳоле дар сархати расонаҳо қарор гирифта ва нигаронии баъзе аз сокинонро ба бор овардааст, ки мақомоти Тоҷикистон эълон карданд, заминларзаи рӯзи душанбе дар 22-километрии кӯли мазкур рух дода, иқтидораш ба 5-6 дараҷаи Рихтер баробар будааст. Нозим Орифов, сухангӯи Кумитаи ҳолатҳои изтирории Тоҷикистон гуфт, дар натиҷаи ин зилзилаи шадид ва сангрезии атрофи рӯдхонаи пурхатар дар водии Бартанг, сатҳи оби кӯли маснӯии тобистони имсол дар пайи обхезиҳо ташкилшуда низ то 5 сантиметр боло рафтааст.

Аммо бо ин вуҷуд ҷаноби Орифов мегӯяд, “ҳоло дар кӯли Сарез вазъ муътадил буда, зери назорати мутахассион қарор дорад. Ҳеч хавфу хатар надорад. Кумиссиюне, ки ҳоло дар роҳ аст, дар бахши муайян кардани хатар ба минтақаҳое, ки бахусус дар ҳудуди кӯли Сарез ҷойгир ҳастанд, кор хоҳад бурд.”

Сарез соли 1911 бар асари кӯчиши кӯҳ миёни навоҳии Рӯшону Мурғоби имрӯз ба вуҷуд омада, 17 миллиард метри мукааб об дорад. Мутахассисон мегӯянд, ки дар сурати рахнашавии оби Сарез, на танҳо сокинони рустоҳои Бадахшони Тоҷикистон, балки сокинони дигар кишварҳои поёноби минтақаи Осиёи Марказӣ низ бо хатар рӯбарӯ мешаванд.

Дар пайи заминларзаи 7 декабр, ки маркзааш наздикиҳои ноҳияи Мурғоби вилояти Бадахшон будааст, ҳудуди 700 манзили сокинон дар ин вилоят осеб дидааст. Аз ин ҳисоб 500 хона куллан хароб шуда, ҳудуди дусад манзили дигар қисман хароб гардидааст. Дар баробари ин ду нафар ҳалок ва даҳ тан маҷруҳ шудаанд, ки 4 тани онҳо дар ҳолати вазнин қарор доранд.

Дар ҳамин ҳол, заминларзаи паёпайи як рӯзи ахир сокинони деҳаҳои водии Бартанги вилояти Бадахшонро нигарон кардааст ва боис ба сарусадоҳои зиёд миёни сокинони маҳаллӣ шудааст. Нуралишоҳ, як сокини ин водӣ мегӯяд, овозаи зарар дидани кӯли Сарез онҳоро ба изтироб овардааст ва аксари мардум аз тарси он, ки кӯл мабодо рахна нашавад, шабро дар берун аз хонаҳояшон рӯз кардаанд. "Дар минтақа ҳоло барқ нест, роҳҳо ҳама бастаанд. Чӣ кор карданамонро намедонем. Ваъда дода буданд, ки чархболҳо барои кумак меоянд ва аммо аз онҳо то ҳол ҳеч дарак нест," -- афзуд ӯ.

Ин мусоҳиби мо мегӯяд, ҳанӯз ҳам бо сабаби харобии роҳ намояндагони ниҳодхои гуногуни ҳукуматӣ ба минтақаи аз офати табиӣ зарардида нарасидаанд. Мақомоти вилояти Бадахшон мегӯянд, ки бинобар номусоидии ҳаво натавонистаанд кумакҳои аввалия ва хаймаҳоро барои осебдидагон дастрас кунанд.

Нилуфар Асламшоева, мудири бахши иттилоот ва таҳлили дастгоҳи ҳукумати Бадахшон, 8 декабр дар сӯҳбат бо Озодӣ гуфт, “деҳаҳое, ки дар гирду атрофи кӯли Сарез мавҷуданд, хисороти хеле ҷиддӣ дидаанд. Манзилҳо, мактабҳо ва бунгоҳҳои тиббӣ хароб гардидаанд. Имрӯз як гуруҳи дигар бо роҳбарии раиси вилояти Бадахшон ба сӯи Бартанг бо мошин ҳаракат кардаанд.”

Хонум Асламшоева афзуд, ҷараёни расондани ёриҳои аввалия ба зарадидагони заминларза дар Бадахшонро раисиҷумҳури Тоҷикистон таҳти назорати худ гирифтааст. Ҳоло як гурӯҳ аз намояндагони вазорату идораҳои давлатии Тоҷикистон низ барои ҳисобу китоби хисороти заминларза ва ёрӣ ба хонаводаҳои осебдида ба Бадахшон рафтаанд.

Тайи беш аз як моҳи охир ин бори севум аст, ки зилзилаи шадид Тоҷикистонро меларзонад. Нимаи дувуми моҳи ноябр заминларзаи 2-3 дараҷаи Рихтер дар қаламрави кишвар сабт шуд, ки маркази асосии он дар 327-километрии ҷанубушарқи Душанбе, дар ҳудуди Афғонистон гуфта мешуд.

Пештар аз ин, 26 октябр дар Тоҷикистон заминларзаи шадид рух дод, ки ҳарчанд бе талафоти ҷонӣ гузашт, аммо хисороти зиёде аз худ боқӣ гузошт. Кумитаи ҳолатҳои фавқулодаи Тоҷикистон гуфта буд, дар пайи ин заминларза дар ноҳияҳои Ишкошим ва Роштқалъа, ки ба маркази зилзила, яъне Афғонистон, наздикӣ доштанд, чанд хона хароб шуда ва дар ҳолати садамавӣ қарор гирифтаанд. Дар худи Афғонистону Покистон аз ин заминларза тақрибан 300 нафар ҷон бохтанд.

Намоиши шарҳҳо

XS
SM
MD
LG