Пайвандҳои дастрасӣ

Ҷо Байден-муовини раиси ҷумҳури Амрико зимни суханронии худ дар порламони Украина гуфт, ки фишори Ғарб ба Русия афзоиш меёбад, агар Маскав ба “таҷовуз”-и худ бар Киев идома диҳад.

Вай гуфт, “агар таҷовузи Русия идома ёбад, арзиши он барои Маскав боло хоҳад рафт”.Вай афзуд, “то замоне, ки Маскав уҳдадориҳои қарордодии худро иҷро намекунад, Амрико фишори худро нигоҳ медорад”.

Ҷо Байден ҳамчунин Русияро ошкоро муттаҳам кард, ки нируҳои худро ба Украина мефиристад, то ба ҷонибдорӣ аз ҷудоихоҳони шарқи Украина ҷанг кунанд.

Баъд аз илҳоқи нимҷазираи Қрим ба Русия дар моҳи марти соли 2014 ин чаҳорумин боздиди Ҷо Байден аз Украина мебошад.

XS
SM
MD
LG