Пайвандҳои дастрасӣ

Раҳмон: Ба осебдидагон ёрии зарурӣ расонда шавад


Раисиҷумҳури Тоҷикистон дастур додааст, ки ҳарчӣ зудтар ба осебдидагони зилзила дар вилояти Бадахшон кумакҳои зарурӣ расонда шавад. Бино ба хабари дафтари матбуоти раёсати ҷумҳури Тоҷикистон, дар натиҷаи зилзилаи 7 декабр даҳҳо нафар зарар дидаанд ва ба 500 хона осеб расидааст. Бино ба ин хабар, бештар аз ҳама ноҳияи Рӯшони водии Бартанг зарар дидааст.

Гузашта аз ин ҳавошиносон тӯфон, боришоти шадид ва сардшавии ҳаворо пешбинӣ кардаанд. Рӯзҳои 9-11 декабр дар Тоҷикистон бориш дар назар гирифта шудааст. Ҳарорати ҳаво то 10-15 дараҷа поин меравад. 7 декабр дар қаламрави Тоҷикистон зилзила рух дод, ки маркази он дар 357-километрии шаҳри Душанбе ва дар 22-километрии кӯли Сарез сабт шуд.

XS
SM
MD
LG