Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

ИМА визаи оиладоршавиро бознигарӣ мекунад


Ташфин Малик бо шавҳараш
Ташфин Малик бо шавҳараш

Ҷеҳ Ҷонсон-вазири амнияти дохилаи Амрико мегӯяд, кормандони ин ниҳод барномаи сафари шаҳрвандони хориҷиро, ки барои арӯсӣ бо шаҳрвандони Амрико ба ин кишвар меоянд, бознигарӣ мекунанд. Вай ин бознигариро ба тирандозии ҳафтаи гузашта дар Сан Бернардинои Калифорния иртибот додааст.

Ҷонсон гуфт, ин бознигарӣ баъд аз он анҷом мегирад, ки Ташфин Малик-зани покистонӣ барои ин тирандозӣ ва куштори одамон бо шавҳараш муттаҳам мешавад. Ташфин яке аз 519 покистоние мебошад , ки соли 2014 дар чаҳорчӯбаи барномаи оиладоршавӣ бо шаҳрвандони Амрико ба ин кишвар омадааст.

Гузаштаи Ташфин Малик билофосила дар Амрико суолҳое ба бор овард. Маълумоти вазорати корҳои хориҷаи Амрико нишон медиҳад, ки аз 9 миллиону 900 ҳазор нафаре, ки дар соли 2014 раводиди амрикоро дарёфт кардаанд, 36 ҳазори онҳо дар чаҳорчӯбаи барномаи K-1, яъне оиладоршавӣ омадаанд.

Ташфин ва Саид Ризвон Форуқ-шавҳари вай барои куштори 14 нафар дар як маркази ҷамъиятӣ дар Калифорния муттаҳам дониста мешаванд. Онҳо худашон низ дар тирандозӣ бо пулис кушта шуданд.

XS
SM
MD
LG